МУЛОҚОТИ АЗИМ ИБРОҲИМ БО КОРШИНОСОНИ БОНКИ ҶАҲОНӢ

28 октябр 2025, Сешанбе
23
Вазири нақлиёт Азим Иброҳим бо ҳайати коршиносони Бонки ҷаҳонӣ – роҳбари лоиҳаи «Беҳтар намудани роҳҳои алоқаи минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ” (БРАМОМ-4) Абдул Ҳамид Халилӣ, мутахассис оид ба бехатарии нақлиёт Судешна Митра, мутахассис оид ба масоили ҳифзи муҳити зист Жулдуз Журумбетова, ёрдамчии намояндагии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Шаҳзод Хайруллоев мулоқот кард.



Азим Иброҳим изҳори итминон намуд, ки лоиҳаи «БРАМОМ-4» бо сифати баланд ва дар вақти муайянгардида татбиқ хоҳад гардид. Гуфта шуд, ки татбиқи лоиҳа дар сохтмони қитъаҳои роҳҳо дар ВМКБ 95 дарсадро ташкил дода, дар арафаи анҷомёбист. Дар қитъаҳои роҳҳои вилояти Суғд иҷрои корҳо 85,85 дарсад буда, раванди кор тибқи нақша идома дорад.
Зимни мулоқот масоили татбиқи лоиҳаи «БРАМОМ-4», махсусан оид ба таҷдиду азнавсозии қитъаи роҳҳои вилояти Суғд ва сохтмони пулҳо дар ВМКБ, низоми идоракунии дороиҳои роҳ (НИДР), баланд бардоштани сатҳи истифодаи тасмаи бехатарӣ, таҳияи Стратегияи миллии бехатарии ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Нақшаи амал барои солҳои 2025-2035 баррасӣ шуданд.
Зикр гардид, ки дар муҳлатҳои наздик бунёди панҷараҳои муҳофизатӣ дар қитъаи алоҳидаи роҳҳои автомобилгард дар шароити мураккаби кӯҳӣ ва таҳвилу насби тарозуҳои воситаҳои нақлиёт ҳангоми ҳаракат (WIM) дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ амалӣ мешаванд. Инчунин, дар доираи лоиҳа кумаки техникӣ барои таъсиси Обсерваторияи бехатарии ҳаракат дар роҳ дар назар аст.
Вазири нақлиёт, ҳамчунин, масъалаҳои аз ҳисоби сарфаи маблағҳо иҷро намудани корҳои иловагӣ – таҷдиди қитъаҳои роҳи «Хистеварз – Соҳилоб» (9,2 км) дар вилояти Суғд, роҳи «Барсем-Танг» (1,36 км) ва сохтмони роҳи нав ба маҳаллаи Тем (0,9 км) дар ВМКБ-ро ба миён гузошта, аз намояндагии Бонки ҷаҳонӣ хоҳиш намуд, ки барои гирифтани иҷозат мусоидат намоянд.
Сипас, Абдул Ҳамид Халилӣ ба роҳбарияти Вазорат барои ҳамкориҳои судманд изҳори сипос намуда, гуфт, ки Бонки ҷаҳонӣ ҳамкории минбаъдаро дар самти нақлиёт ва сохтмону таҷдиди роҳҳои кишвар густариш хоҳад дод.
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ 17-19-уми октябр ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар қитъаҳои роҳ ба вилояти Суғд рафт.
Дар ин хусус аз Вазорати нақлиёт маълумот доданд.

Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209