“ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”. ЧАНД МУЛОҲИЗА АЗ РАВАНДИ ОЗМУН

28 октябр 2025, Сешанбе
13


Инак, соли дувум аст, ки дар даври ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар қатори устодони дигар ман ҳам ваколати довариро бар дӯш дорам. Андеша ва хулосаҳои ман маҷмуӣ набуда, танҳо бахши физика ва астрономияро фаро мегиранд. Дар се соли аввали Озмун ҳамчун котиби техникӣ ҳуҷҷатгузорӣ ва назорати раванди гузарондани ин чорабинии муҳим бар дӯшам буд. Солҳои пешин дар даври ноҳиявӣ ва вилоятӣ низ ҳакамӣ кардаам.


Озмуни имсола нисбат ба солҳои пешин чанд фарқият дошт:
• Имсол бори аввал аз тарафи Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илм барномаи махсус барои доварон сохта шуд, ки кори моро хеле осон мекунад. Дар он барнома рӯйхати тамоми довталабон бо маълумоти пурра оварда шуда, ҳангоми гузарондани холҳои ҳакамон ба таври худкор ҳисоби миёнаи холҳоро ёфта, ғолибонро муайян мекунанд.
• Фарқияти дигар хеле кам будани рӯзҳои гузарондани озмун, ки аз солҳои пешина 2 рӯз камтар аст. Ин сабаб гардид, ки мо довталабонро то соати 22 пурсем. Масъулони Вазорати маориф ва илм ваъда доданд, ки дар соли оянда ин чизро ҳатман ба назар мегиранд ва миқдори рӯзҳоро зиёдтар мекунанд. Фикр мекунам, ки тақрибан 7 рӯз зарур аст. 1 рӯз барои гирифтани имтиҳони хаттӣ, як рӯз барои тафтиши натиҷаҳо ва 5 рӯзи дигар барои санҷиши шифоҳӣ. Ҳамчунин, бояд дар давоми ин 5 рӯз комиссияи апеллятсионии мустақил фаъолият кунад.
Дар бораи омодагии довталабон:
• Фарқи байни довталабони солҳои пешини имсола хеле зиёд аст, онҳое, ки ғолиб шуданд, воқеан ҳам омодагии хуб дидаанд, чизҳои зиёдро аз худ кардаанд ва бо дониши амиқу фаҳмиши хубашон доваронро ба ҳайрат оварданд. Офаринашон ва туҳфаву мукофотпулие, ки мегиранд, ҳалолашон бод!
• Аммо як қисми довталабон омодагии хеле суст доранд, ки аз рӯйи ҳалли масъала ва тарзи ҷавоб доданашон маълум аст. Ин интиқод, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон ва масъулони шаҳру ноҳияҳо дахл дорад.
• Натиҷаҳои аз ҳама баландро хонандагони мактабҳои типи нав – литсею гимназияҳо нишон доданд, ки гувоҳи сатҳи баланди омодагии онҳо ва таҷрибаи баланд доштани омӯзгоронашон аст. Ё ин ки мактабҳои типи нав бо пешниҳоди имтиёзҳо тавонистаанд беҳтарин шогирдонро ба сафи худ ҷалб кунанд.
Дар бораи муносибати хонандагон:
• Муносибати баъзе хонандагон ҳатто хонандагоне, ки саводи хуб доранд ва ҳатто сазовори ҷой гардиданд, ба забони тоҷикӣ хеле аламовар аст. Онҳо ба забони тоҷикӣ чун ба забони ғайр муносибат мекунанд. Масалан, вақте аризаҳоро барои апеллятсия қабул мекардем, чандин довталаб бо забони тоҷикӣ бо иштибоҳоти хеле ҷиддӣ навишта буданд. Вақте эрод гирифтем, гуфтанд, ки онҳо ба забони русӣ таҳсил мекунанд ва иштибоҳот ба забони тоҷикӣ “не важно” ва “несущественно” аст. Ин чиз барои мактабҳое, ки бо забони русӣ дарс мегузаранд як мушкилоти ҷиддӣ аст ва оқибаташ фоҷиавист. Хонандагон наметавонанд бо забони модарӣ ва давлатиашон як аризаи одиро, ки шояд иборат аз 30-40 калима бошад ва мо намунаашро низ пешниҳод карда будем, дуруст ва бехато рӯйбардор кунанд.
• Мутаассифона, аксари онҳое, ки холҳои баланд гирифтанд, нияти ба самти илм рафтан надоштанд ва дар ин самт корбарӣ кардани вазорату идораҳои дахлдор ҳатмист.
Дар номинатсияи физика ва астрономия шаффофият тавассути намоиши телевизионии ҷавобҳои довталабон, холгузорӣ аз тарафи 5 довар ва апеллятсияи мустақил таъмин гардид. Ба ҳар касе, ки аз холи гирифтааш норозӣ буд, ҷавобҳои масъалаҳояшро нишон дода, фаҳмондем, ки дар куҷо хато кардааст ва барои чӣ он холҳоро ба даст овардааст. Барои ҷавобҳои шифоҳӣ низ раиси ҳакамон доктори илмҳои физикаю математика Афзалшоҳ Зарифзода холи гузоштаи ҳакамонро дар алоҳидагӣ нишон дода, довталабонро қонеъ кард.
Хулоса, “Илм – фурӯғи маърифат” як озмуне аст, ки дар ҷомеа ва тафаккури хонандагон таҳаввулоте ба вуҷуд оварда, онҳоро водор сохт, ки ба омӯзиши амиқи илмҳои табиатшиносӣ ва дақиқ рӯй биёранд. Озмуни имсола майдони рақобатҳои соҳибистеъдодон ва намоиши қобилияти баланди онҳо буд. Натиҷаҳои ин омӯзиш ва азхудкунии донишро мо дар оянда хоҳем дид, замоне ки онҳо пас аз хатми донишгоҳ ба соҳаҳои гуногун ба фаъолият меоянду бо донишу малакаи худ барои рушди Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Ризои БАҲРОМЗОД,
номзади илмҳои физикаю математика, довари даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат”

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209