Ӯзбекистон чорабиниҳои оилавиро танзим мекунад

28 октябр 2025, Сешанбе
17


CentralAsia (UZ). Ӯзбекистон чорабинии фарогири семоҳаро барои аз байн бурдани зиёдаравӣ ва дабдаба дар тӯю маъракаҳои оилавӣ оғоз кардааст. Ба гузориши хабаргузории Podrobno.uz, ин чорабинӣ аз ҷониби Маркази ҷумҳуриявии маънавиёт ва маърифат созмон дода шудааст.
Ба гуфтаи Қаҳрамон Қуронбоев, раиси Ассотсиатсияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон, ҳадафи аслии ин барнома таҳкими фарҳанги хоксорӣ ва ҷорӣ кардани одати баргузории тӯю маъракаҳо бидуни шукӯҳу дабдабаи зиёд аст. Барномаи 90-рӯза тарҳҳоеро дар бар хоҳад гирифт, ки ба таблиғи хислатҳои нек, аз қабили сарфакорӣ, парҳез аз исроф, шукргузорӣ ва таҳаммулпазирӣ дар байни шаҳрвандон нигаронда шудаанд.


Суҳбати телефонии Токаев бо Путин
CentralAsia (KZ). Хадамоти матбуоти Акорда хабар медиҳад, ки Президенти Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев бо Президенти Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод. Зимни суҳбат омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Қазоқистон ба Русия баррасӣ шуд.
Сарварони давлатҳо аҳамияти хоссаи музокироти дарпеш-истодаи Маскавро барои рушди минбаъдаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои итти-фоқчии ду кишвар таъкид карданд. Онҳо, инчунин, ба якчанд ҷиҳатҳои вазъияти ҳозираи ҷаҳон дахл намуданд. Сафари давлатии Президенти Қазоқистон ба Русия 12-уми ноябр дар назар аст.


Даъвати Ван И аз Чин ва Амрико
Синхуа. Вазири корҳои хориҷии Чин Ван И зимни тамоси телефонӣ бо Котиби давлатии ИМА Марко Рубио изҳори умед кард, ки Чин ва ИМА ба сӯи ҳамдигар ҳаракат намуда, ба ҳамкориҳои сатҳи баланд омода мешаванд ва барои рушди муносибатҳои дуҷониба шароит фароҳам меоранд.
Ӯ, инчунин, иброз дошт, ки равобити Чин ва Амрико ба тамоми ҷаҳон таъсир мерасонад. Ба гуфтаи Ван И, равобити солим ва устувори дуҷониба ба манофеи дарозмуддати ҳар ду кишвар ва ба интизориҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ мувофиқат менамояд. Тавре Ван И таъкид кард, Си Ҷинпин, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Доналд Трамп, Президенти Амрико, раҳбарони сатҳи ҷаҳонӣ ҳастанд, ки равобити тулонӣ ва эҳтироми мутақобиларо ҳифз намудаанд.


Ҷаҳон дар як сатр
Мир24. Пол Бийя, ки беш аз 40 сол боз Президенти Камерун мебошад, дар интихоботи ахири президентӣ боз пирӯз шуд. Дирӯз Шурои конститутсионии кишвар пирӯзии Бийяро эълон кард. Тибқи иттилои Шуро, Президенти 92-сола 53,66% овоз гирифтааст. Дар Камерун президент ба муҳлати ҳафт сол интихоб мешавад. Ҳамин тариқ, ба Бийя имконият фароҳам шуд, ки то 99-солагии худ ҳукмронӣ кунад. Ӯ куҳансолтарин Сарвари давлат дар ҷаҳон мебошад.


Gazeta.ru. Президенти феълии Кот-д'Ивуар Алассан Уаттара дар интихоботи президентӣ пирӯз шуд. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба комиссияи интихоботии кишвар хабар дод. Бино ба маълумоти комиссияи интихоботӣ, Уаттара 89,77 дарсади овозҳоро ба даст оварда, аз рӯи натиҷаҳои пешакӣ бори чорум Президенти ин кишвар интихоб гардид. Натиҷаҳои овоздиҳӣ бояд аз ҷониби Шурои конститутсионӣ тасдиқ шаванд. Уаттараи 83-сола 14 сол боз Президенти Кот-д'Ивуар аст.

Санаи нашр: 28.10.2025 №: 209