САНОАТ. РУШД ВА ДУРНАМОИ МАСОЛЕҲИ СОХТМОН
Соҳаи саноати масолеҳи сохтмон яке аз бахшҳои муҳими иқтисодиёти Тоҷикистон ба шумор рафта, он дар таъмини соҳаи сохтмон бо масолеҳи босифати бинокорӣ нақши калидӣ мебозад. Солҳои охир саноати масолеҳи сохтмон дар Тоҷикистон рушди устувор нишон дода, бахусус дар нимсолаи аввали соли 2025, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба 1,8 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13,2 дарсад зиёд мебошад.
Ин натиҷа ба шарофати сиёсати саноатикунонии босуръат дар мамлакат, эълони солҳои 2022-2026 – Солҳои рушди саноат, ба кор пардохтани корхонаҳои нав, зиёд кардани масолеҳи асосӣ – семент ва хишт имконпазир гардид.
Дар ин раванд, ҷиҳати афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигарондашуда 20-уми октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе шаҳраки нави саноатиро ифтитоҳ намуда, ба фаъолияти 3 корхонаи калони саноатии ҶСП «Сантайлс» оид ба истеҳсоли сафолаку кошин ва сераниту хишти сабук дар пойтахт, инчунин, корхонаи истеҳсоли оҳак дар ноҳияи Варзоб (ба таври фосилавӣ) оғоз бахшиданд ва ба бунёди се корхонаи дигари истеҳсолӣ санги асос гузоштанд.
Бояд гуфт, ки Ҳукумати кишвар бо тадбирҳои мушаххас рушди соҳаи саноатро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, барои бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ замина мегузорад. Ҳамзамон, таваҷҷуҳи хосса ба истеҳсоли маводи воридотивазкунанда ва коҳиши вобастагӣ аз воридоти масолеҳи сохтмонӣ таъсири назарраси худро гузошта истодааст. Дар ин ҷода ҷалби сармояи хориҷӣ ва дохилӣ ба соҳаи масолеҳи сохтмон барои рушди иқтисоди кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад. Корхонаҳои истеҳсолии бо технологияҳои муосир таҷҳизондашуда имкон медиҳанд, ки сифати маҳсулот беҳтар ва рақобатпазири он дар бозори дохилӣ ва хориҷӣ таъмин шавад. Илова бар ин, дастгирии давлатӣ дар шакли пешниҳоди имтиёзҳои андозиву қарзҳои имтиёзнок ба рушди минбаъдаи соҳа мусоидат мекунад.
Дар ҳамин ҳол, дурнамои рушди саноати масолеҳи сохтмон дар Тоҷикистон умедбахш арзёбӣ мегардад. Бо назардошти афзоиши сохтмони манзилҳо, иншооти инфрасохторӣ ва саноатӣ, талабот ба масолеҳи гуногуни сохтмонӣ мунтазам меафзояд. Ин омил барои васеъ намудани истеҳсолот ва номгӯйи он, бунёди корхонаҳои нав ва ворид намудани технологияҳои муосир шароити мусоид фароҳам меорад. Дар зимн, таваҷҷуҳ ба истеҳсоли масолеҳи аз лиҳози экологӣ тоза ва каммасраф ва ҷавобгӯ ба талаботи сохтмонҳои муосир аҳамияти калон дорад. Дар самти рушди содирот низ имкониятҳои назаррас мавҷуданд. Бо назардошти мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ ва робитаҳои иқтисодии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа, содироти масолеҳи сохтмонии ватанӣ ба бозорҳои хориҷӣ метавонад афзоиш ёбад.
Вале, бо вуҷуди дастовардҳои зикршуда, соҳаи саноати масолеҳи сохтмон дар Тоҷикистон ҳанӯз имкониятҳои истифоданашудаи зиёд дорад. Барои татбиқи пурраи иқтидори соҳа идома додани сиёсати дастгирии давлатӣ, ҷалби сармоягузорон, таҷҳизондани корхонаҳо бо технологияҳои навтарини рақамӣ ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа зарур дониста мешавад. Дар ин раванд, ҳамоҳангии фаъолияти тамоми субъектҳои алоқаманд омили муҳими ноил шудан ба ҳадафҳои стратегии рушди иқтисодиёти кишвар ба шумор меравад.
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»
