«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». НИМАИ ДУЮМИ МОҲИ НОЯБР ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДОИР МЕГАРДАД
Даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» нимаи дуюми моҳи ноябри соли равон бо иштироки 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор мегардад.
Дар Озмун 74 довталаб аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 90-нафарӣ аз вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ маҳорат месанҷанд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”
