МАХЗАНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. ДАР БОРАИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ КӮЛОБ, КИ 80-СОЛА МЕШАВАД
Истиқлол барои миллати тамаддунпарвари тоҷик шуълаест ҷовидонӣ, ки қалбҳои сардро барои ояндаи нек гарм кард. Ин неъмати бебаҳо, ки аз умқи таърихи пур аз бурду бохтҳо сарчашма мегирад, миллати моро ба сӯйи уфуқҳои равшани тараққиёту худшиносӣ ҳидоят намуд.
Дар ин марҳалаи сарнавиштсоз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун боргоҳи маърифат, чароғи равшангари фикрӣ ва ойинаи бедории миллӣ ҷилвагар гардид. Ин махзани илм, ки номи абармард ва қофиласолори сухан – Рӯдакии бузургро дорад, дар саҳнаи маърифатпарварии кишвар чун ситораи равшан ба дурахш оғоз кард. Имрӯз боргоҳи илму фарҳанг ҳамчун рамзи виқор, ифтихор ва боландагии андешаи миллӣ дар синаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷовидона нур мепошад.
Дарвоқеъ, Донишгоҳи давлатии Кӯлоб аз ҷумлаи муассисаҳои таҳсилоти олии бонуфузи кишвар маҳсуб меёбад. Солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз набудани инфрасохтор, норасоии китобу дастурҳои методиву таълимӣ ва кадрҳои илмӣ мувоҷеҳи мушкилиҳои зиёд буд. Вале бо дастгириҳову ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои маҳбубу муаззами миллат ва Сарвари хирадманд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сиёсати бобарори иҷтимоӣ ва татбиқи ислоҳот, соҳаи маориф ба таври бесобиқа рушд карда, шароити таҳсил дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот ба таври шоиста беҳтар гашт.
Аз самараи ин сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, 1-уми сентябри соли 2015 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба ифтихори ҷашни 70-солагӣ соҳиби бинои нави 7-ошёнаи таълимии замонавӣ гардид, ки ин рӯйдоди таърихию фараҳбахш руҳияи омӯзгорону кормандони Донишгоҳро бамаротиб баланд бардошта, бори дигар исботи он шуд, ки сол ба сол мақому мартабаи омӯзгорон дар ҷомеа баландтар гардида, заҳмат ва саъю талоши онҳо қадр мешавад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни вохӯрӣ бо омӯзгорону донишандӯзони ин боргоҳи илму маърифат нақш ва ҷойгоҳи муассисаро дар омодасозии ҳазорон нафар олимону донишмандон ва ходимону кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии мамлакат муҳиму муассир арзёбӣ намуданд.
Имрӯз Донишгоҳ аз самараи сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар дорои биноҳои муосири таълимӣ, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз, марказҳои иттилоотӣ ва толорҳои барҳаво буда, ворид гардидани технологияи муосир имконияти таҳсилоти баландсифат ва ҳамқадам бо меъёрҳои ҷаҳониро дар он фароҳам овардааст.
Муассисаи таълимӣ фаъолияти густурдаро дар асоси Стратегияи рушди Донишгоҳ барои солҳои 2023-2028 пеша намуда, дар ин росто муҳаққиқон ва омӯзгорон сар аз чорабиниҳои шаҳрӣ ва ҷумҳуриявӣ то конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ ширкат меварзанд. Донишҷӯён дар чорабиниҳо ва озмунҳои сатҳи шаҳрӣ, вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштироки фаъолона дошта, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор мегарданд.
Боиси ифтихор ва сарафрозист, ки боргоҳи илму маърифат, ба шарофати истиқлол ва сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маркази бонуфузи илму фарҳанг ва мактаби омоданамоии кадрҳои соҳибмаърифат табдил ёфтааст. Пешравиҳои инфрасохторӣ, сатҳи баланди низоми идорӣ, муназзамии раванди таълиму масири пурифтихори омоданамоии кадрҳои илмӣ дар муассиса баёнгари он мебошанд, ки ин махзани илму дониш барои тарбияи мутахассисони соҳибкасбу ҷавобгӯ ба талаботи замон дорои шароити ҳозиразамон буда, дар ин роҳи пуршараф дасти боло дорад.
Бо итминон метавон гуфт, ки Донишгоҳ дар оянда низ ливои пешсафиро баланд афрохта, дар роҳи омоданамоии кадрҳои баландихтисосу соҳибкасб ба дастоварду комёбиҳои навбанави нуфузафзо ноил гашта, дар рушду нумӯи илму маърифат ва мустаҳкам гаштани пояҳои маорифи кишвар саҳми боризу мондагор мегузорад.
Исфандиёр БАДАЛОВ, ёвари ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ
