ҶСК “АНГИШТ”. НАВСОЗӢ БО МАҚСАДИ РУШД АСТ
Ҷамъияти саҳомии кушоди «Ангишт»-и Исфара аз ҷумлаи калонтарин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ангишт дар вилояти Суғд ва кишвар ба ҳисоб рафта, бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва шарикони рушд ҷиҳати дар ояндаи наздик боз ҳам вусъат бахшидани истихроҷи зарурии ангишт корҳои навсозии хатҳои истеҳсолӣ ва иншооти мавҷудаи худро ба роҳ монд.
Бино ба иттилои директори генералии корхона Насим Каримов, дар нуҳ моҳи соли равон 32 ҳазору 678 тонна ангишти хушсифат истихроҷ шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 21,8 дарсад кам аст. Ин ҳам бошад, ба корҳои азнавсозии корхона рабт дорад.
То имрӯз дар доираи корҳои таҷдид беш аз 22 миллион доллари ИМА сарф гардида, 300 коргари маҳаллӣ ва 200 мутахассиси чинӣ дар татбиқи лоиҳа ҷалб шуданд. Дар баробари сохтмони бинову иншооти маъмурӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва маркази идоракунии электронӣ, сохтмони кӯли сунъӣ барои оби техникӣ бо ғунҷоиши 230 ҳазор метри мукааб, ҳавзҳои оби ошомиданиву техникӣ, кашидани хатти интернет ва зеристгоҳи барқии баландшиддат идома доранд. Ҳамзамон, хобгоҳи нав барои 700 нафар коргар бунёд мешавад.
Раҷаб Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд зимни боздид аз иншоот аз масъулин ва пудратчиён тақозо кард, ки ба сифати корҳои сохтмониву навсозӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд. Зикр гардид, ки бо анҷоми пурраи нақшаҳои пешбинишуда ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ҶСК «Ангишт»-и шаҳри Исфара то 1,5 миллион тонна дар сол расонда шуда, шумораи кормандон меафзояд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
