ВАҚТИ ҲУНАР АСТУ САРФАРОЗИСТ...
![]()
22-юми октябри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳияи Восеъ, дар баробари ифтитоҳи корхонаю муассисаҳои муҳими марбут ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, инчунин, ба фаъолияти Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳия, оғоз бахшиданд.
Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии мазкур тибқи талаботи Созишномаи грантӣ миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар доираи лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.
Қобили тазаккур аст, ки дар шафати Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди бинои чорошёнаи шуъбаи маориф низ санги асос гузоштанд.
Ифтитоҳи чунин иншооти замонавӣ ва ҳамсон гардондани меҳнату маориф гувоҳи таваҷҷуҳи пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари муаззами давлат ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, таъмини ҷойҳои нави корӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таҳсил, омӯзиш, комёбию муваффақиятҳои ҷавонон ва хизматрасонии босифат ба аҳолӣ мебошад.
Ҷойи таъкиди хос аст, ки Ҳукумати мамлакат бо сиёсати хирадмандонаю созандаи Пешвои муаззами миллат талаботу хостаҳои иҷтимоии мардумро қадрдонӣ намуда, ҳамаи кӯшишу имкониятҳои мавҷударо баҳри ҳаёти осоишта ва гуворои шаҳрвандон мавриди амал қарор додааст. Бо мақсади таъмини ҳадафҳои мазкур ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди аз худ кардану соҳиб шудан ба қобилияту истеъдод, ба даст овардани касбу ҳунар, дур намудани раванди бекорию беназоратӣ, ки сарчашмаи асосии ба корҳои ношояму ҷинояткорӣ даст задани ҷавонон мегарданд, нақшаю барномаҳои давлатиро дар самти бунёди марказҳои касбу ҳунармандӣ ба роҳ мондааст.
Адабу фарҳанги мардумии мо ҳамеша дар пайи такмил додани касбу ҳунар тавассути хираду маърифат буд ва ин анъанаро ҷавонмардони баору номуси имрӯза низ идома дода истодаанд. Тамаддуни аҷдодии мо ҳар лаҳза ҷавононро ташвиқи он мекунад, ки “ба як мард чил ҳунар кам аст...” бояд ҳунарманд бошем. Аҳли адабу хирадамон низ дар ҳар як сухану шеъру абёти худ ин нуктаҳоро ташвиқ намудаанд. Аз ҷумла, Низомии Ганҷавӣ наздик ба ҳазор сол қабл чунин зебо насиҳат кардааст, ки то имрӯз аз забони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ садо медиҳад:
Он рӯз, ки ҳафтсола будӣ,
Чун гул ба чаман ҳавола будӣ.
Акнун, ки ба чордаҳ расидӣ,
Чун сарв ба авҷ сар кашидӣ.
Ғофил манишин, на вақти бозист,
Вақти ҳунар асту сарфарозист.
Дониш талабу бузургӣ омӯз,
То беҳ нигарад рӯзат аз рӯз.
Сохта шудани Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ аз ҷумлаи ин ҳадафҳои созанда мебошад. Марказ дар бинои чорошёнаи бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза ҷой гирифта, дорои ҳуҷраҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар Марказ имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонону калонсолон, занону духтарон ва шахсони бекор дар самтҳои гуногун таълим гирифта, соҳиби ихтисоси муайян ва касбу кор гарданд. Дар ин Марказ аз рӯйи 5 ихтисоси зарурие, ки ҷомеа ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ ба он сахт ниёз дорад, ба монанди барқкор, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагари навъҳои гуногуни сохтмонӣ ва кафшергари газию барқӣ, дарсҳои таълимӣ ба роҳ монда шуда, мутахассисони умедбахш омода карда мешаванд. Иқтидори имконпазири Марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз пешбинӣ гардидааст. Баҳри фароҳам овардани шароити бонизоми корӣ Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин, тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.
Айни замон, дар баробари чунин марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки теъдодашон ба 6 адад расонда шуд, инчунин, Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир (Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон) фаъол аст, ки дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 48 филиал дошта, дар хизмати мардум қарор дорад. Номгӯйи касбу ихтисосҳои омӯзишии Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир ва филиалҳои он бо мақсади аз худ кардани малакаи касбии самтҳои ҳунарҳои мардумӣ, таъмири асбобҳои электронӣ, компютерию автоматикӣ, хизматрасонии техникӣ, электронӣ, сохтмонию меъморӣ, иҷтимоӣ, кишоварзӣ, савдои ашёи рӯзгор ва хӯроки умум, забономӯзию сайёҳӣ ва ғайра ба 119 адад расонда шудааст. Омӯзиши ихтисосҳо аз 1 то 3 моҳ буда, тибқи роҳхатҳои мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ, ба таври худмаблағгузорӣ ва барои шахсони бекору бемашғулият ройгон роҳандозӣ шудааст. Ба хатмкардагони ин муассисаҳо сертификатҳои байналмилалӣ низ супурда мешаванд, ки тавассути онҳо метавонанд дар дохилу хориҷи кишвар ба кор таъмин гарданд. Танҳо дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ тавассути Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбии муосир наздик ба 25 ҳазор нафар ва тавассути марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 ҳазору 200 хоҳишманд аз рӯйи 76 ихтисоси ҳунармандию хизматрасонӣ касбҳои дилписанди худ ва мавриди ниёзи ҷомеа қарордоштаро аз бар карданд.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати дурандешонаи Ҳукумати мамлакатро дар роҳи некуаҳволии ҳар як сокини сарзамини азизамон бомаром пеш бурда, тамоми кӯшишу тавони худро баҳри ҳунарманд гаштани ҷавонон амалӣ менамояд. Мо талош дорем, ки минбаъд дар дигар шаҳру ноҳияҳои ин гуна муассиса надошта, ҳар чи зудтар марказҳои мавриди ниёз ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосирро таъсис бидиҳем. Бовар дорем, марказҳои касбомӯзӣ, ки дар бисёре аз шаҳру ноҳияҳои мамлакат фаъоланд, нақшаю барномаҳои худро бо тарҳи нав ва муносиб ба талаботи замон амалӣ намуда, боз ҳам беҳтару ҳадафмандона ба манфиати ҷомеа сафарбар хоҳанд кард.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ғамхориҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва таваҷҷуҳи Сарвари муаззами давлат аз аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ, новобаста аз синну сол, дар баробари ҷавонмардони чолоку боғайрат аз занону духтарон даъват ба амал меорад, ки ба Муассисаи давлатии “Маркази рушди ҳунармандӣ ва малакаҳои касбӣ” ва филиалҳои он, инчунин, ба марказҳои касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намуда, касб омӯзанд ва аз манфиатҳои он баҳравар гарданд. Донишу малака ва касбу ҳунари тавоною созанда ба даст оварда, манзили муносиб бисозанд, фарзандонро дар роҳи рост тарбия карда, аҳли хонадону наздикони худро хушбахту саодатманд гардонанд.
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА,
вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
