БАЙҲАҚИИ ТОҶИК ВА ТОҶИКШИНОС. МЕСАЗАД, КИ РӮЗЕРО БАРОИ Ӯ ДОШТА БОШЕМ

01 ноябр 2025, Шанбе
11


Бино ба тақвими хуршедии ниёгони мо, рӯзи якуми обон ба 23-юми октябр рост меояд. Чанд сол аст, ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ин рӯз ҳамчун Рӯзи Байҳақӣ эътироф шуда, ба ифтихори ин адибу муаррихи бузург, китоби мондагораш - «Таърихи Байҳақӣ» ҳамоишҳо баргузор мешаванду бародарони ҳамзабони мо ёду корномаи ин фарзанди баруманди қаламрави Ориёро гиромӣ медоранд.


Мову эрониён чанд ҷашн дорем, ки, ҳамзамон, таҷлил мекунем: аз ҷашнҳои миллӣ Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада ва аз ҷашнҳои динӣ иди Қурбону Рамазон. Шахсиятҳои бузурги таърихӣ, назири Курушу Рӯдакиву Фирдавсиву Сино ва Мавлонову Ҳофизро низ ғолибан, ҳамзамон, гиромӣ медорему арҷ мегузорем.
Ҳашт сол муқаддам донишмандони машҳури Эрон Муҳаммадҷаъфари Ёҳақӣ, Маҳдии Саидӣ ва Алавии Муқаддам ба масъулони кишвари худ пешниҳод карданд, ки ба хотири «фурсат додан ба андешидану шиносондани бештари насри форсӣ ва ҷойгоҳи Абулфазли Байҳақӣ ба унвони яке аз бузургони адабиёти форсӣ» рӯзеро дар кишвар ба номи ин фарзанди номвар номгузорӣ кунанд. Ҳамин тавр, пас аз радду бадали афкору овардани далоиле чанд, якуми обонро, ки рӯзҳои оғозини ба фаъолият шуруъ кардани мактабу донишгоҳҳои Эрон аст, ҳамчун Рӯзи Байҳақӣ муқаррар фармуданд. Ҳар сол дар шаҳри Сабзавор, ки зодгоҳи Байҳақӣ дониста мешавад, ҳамоиши илмӣ баргузор шуда, дар сартосари Эрон аз осори Байҳақӣ ва насри дилпазиру таърихи мондагори вай ёдоварӣ мекунанд
Ба андешаи банда, мо – тоҷикон, ҳам ҳаққи ифтихор кардану болидан ба Абулфазли Байҳақиро дорем. Чанд далеле, ки ҷойгоҳи Байҳақиро дар назди мо, тоҷикон, мумтоз гардонда, бад-ин қарор аст:
Нахуст ин, ки Байҳақӣ китобе арзишманд дар заминаи таърихи гузаштаи сарзамини Хуросон таълиф карда, аз аввалин муаррихонест, ки вожаи барои мо мубораку муқаддаси “тоҷик”-ро дар асари худ борҳо зикр карда, мардумони эронитабори Хуросону Эрону Варорӯдро тоҷик номидааст. Байҳақӣ борҳо ба вожаву ифодаҳои “лашкар ва тоҷикон” (тозикон), “аҳли силоҳу тозикон”, “туркону тозикон”-ро истифода мебарад, ки ҳикоят аз ҳамзистии ду унсур (турку тоҷик) дар даргоҳи Ғазнавиён аст, ки на танҳо аз рӯйи чеҳра, балки аз нигоҳи касбу пеша то фарҳанги зисту зиндагонӣ миёни эшон тафовут аст. Чунончи мегӯяд «биёбон эшонро падару модар аст, чунонки моро шаҳрҳо».
Дувум, Байҳақӣ дар як ҷой бо сароҳат эълом кардааст, ки ман тоҷикам. Аллома Бобоҷон Ғафуров низ дар китоби «Тоҷикон» ба ин имтиёзи асари Байҳақӣ ва ахбори ҷолибу нодири ӯ ишора кардааст. Байҳақӣ вақте аз набарди сарнавиштсози Дандонақон дар соли 1040, ки ба ҳукумати Ғазнавиён дар Хуросон хотима дод, ёдоварӣ мекунад, менависад: «Ману монанди ман тозикон худ намедонистем, ки дар ҷаҳон куҷоем ва чун меравад». Сипас, аз майдони ҷангро фирор кардани курду турку арабу ҳинду сухан ба миён оварда, менависад, ки «танҳо ғуломони тозикон бо амир нек биистоданду ҷанги сахт карданд аз ҳадд гузашта». Байҳақӣ, агар аз лашкариёни тоҷик сухан ронад, танҳо ҳадиси садоқату фидокории ононро мегӯяд ва таъкид мекунад, ки тоҷикон ҳамвора дар нақши дифоъгар зоҳир шудаанд, зеро ҷангу ҷадал вайронгару нобудсоз аст, табиати тоҷик ободгарист.
Савум, далеле, ки бар ватандӯстиву меҳанпарастии Байҳақист, арзёбии дурусти ӯ аз давлати Ғазнавиён аст. Байҳақӣ шеваи давлатдорӣ ва одобу русуми давлати Ғазнавиёнро низ тоҷикӣ дониста, аз моҷарои аҷибе парда бармедорад. Ӯ аз нахустин соатҳои ба қудрат расидани Салҷуқиён ва ҳолати дарбори онон гузориш дода, менависад: «Надошт нуре боргоҳ ва муште авбош дар ҳам шуда буданду тартибе на». Қозӣ Соид ном тоҷик ба ҳузури султони Туғрал омада, лаб ба шиква кушода мегӯяд: «Сухани ситамрасидагону дармондагон бишнаву яла макун. Лашкар ситам кунанд, ки бедодӣ шум бошад». Туғрал дар ҷавоб гуфт: «Пазируфтам, ки бад-он чӣ гуфтӣ, кор кунам. Ва мо мардумони нав ва ғарибем, расмҳои тозикон надонем».
Чорумин нуктае, ки бар азамату ҷойгоҳи олии Байҳақӣ дар сарои муаззами фарҳангу адаби тоҷик далолат мекунад, ҳунари беназири нависандагии вай аст, ки аз ҷониби пажӯҳишгарони олам эътироф шудааст. Агар бештари муаррихони тоҷик то Байҳақӣ осори худро ба арабӣ нигоранд (чун Табарӣ, Наршахӣ, Утбӣ), ин адиби номвари мо таърихномаи хешро бо забони модарияш нигошт. Хидмати ин фарзонаи даврон он буд, ки ӯ тавону имкону ҷамолу ҷалоли забони форсиро дар баробари муҳити адабу дониши ҳикмати айём ойинадорӣ карда, бо иншои «дебои хусравонӣ» собит сохт, ки забони форсӣ аз арабӣ камӣ надорад ва бо форсӣ метавон ҳар асареро дар боби адабу илму сиёсат бо фасоҳату балоғати тамом таълиф кард.
Панҷумин нуктае, ки набояд аз он ғафлат варзем, баҳсу даъвоҳои намояндагони баъзе халқҳост, ки дар ниҳояти бешармӣ мероси халқи моро азхуд карда, онро ба номи худ сабт мекунанд. Ҳатто ба наздикӣ, вақте дар посух ба иддаоҳои бешармонаи зиёиёни як миллат гуфта шуд, ки фулонӣ бо кадом забон асар навиштааст, ҷавоб доданд, ки «дар он давраҳо забони маъмул забони форсӣ буд ва ҳама бояд ба ин забон асар менавиштанд».
Бо вуҷуди аҳамияти волои асари Байҳақӣ дар таърихнигории миллии тоҷик, ба ин асар то замони истиқлол чандон аҳамият дода намешуд. Дар замони истиқлол «Таърихи Байҳақӣ» бо муқаддимаву шарҳу тавзеҳи муфассал ба нашр расида, матни комили он тариқи радиои “Фарҳанг” сабт гардида, борҳо садо дод, ки иқдоми бузург дар ростои гиромидошти фарҳангу забони миллист. Ин асар беҳтарин намунаи забони мо дар қарни XI-и милодӣ ба шумор омада, забоншиносон насри Байҳақиро мунҳасир ба фард ва «сабки Байҳақӣ» меноманд. Аз ин рӯ, дар шароити таҳкими пояҳои давлатдории кишвар ва истиқлоли сиёсии Тоҷикистон ва бо мақсади дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият кардани насли замони истиқлол, дар тақвими расмии кишвар ихтисос додани як рӯз ба Байҳақӣ ҳамчун рӯзи муаррихон ё гиромидошти таърих ё фарҳанги таърихофаринии тоҷик хидмати шоиста барои имрӯз ва фардои кишвар хоҳад буд.


Сайфуллоҳи МУЛЛОҶОН,
доктори илмҳои таърих,
профессори Донишгоҳи
миллии Тоҷикистон

Санаи нашр: 31.10.2025 №: 211