ҚУРБОНАЛӢ АБДУЛЛОЕВ

01 ноябр 2025, Шанбе
13


Ӯ инсони хоксору поквиҷдон ва соҳибистеъдод буд; аз санъаткорони камшумори мардумӣ ба ҳисоб мерафт. Ӯ тарзу шеваи овозхонии хоси худро дошт. Ҳар як оҳангро бо эҳсоси баланд иҷро намуда, бо ҳаракатҳои табииву садои фарқкунандааш дар дидаву қалбҳои ҳаводорони мусиқӣ ҷо гирифт.
Қурбоналӣ Абдуллоев, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, 23-юми апрели соли 1963 дар шаҳри Ваҳдат ба дунё омадааст. Ҳангоми дар синфи чорум хондан, ба маҳфили овозхонҳои ҷавони мактаб шомил мешавад. Соли 1977 Қурбоналӣ дар озмуни овозхонҳои наврас ғолиб меояд. Директори вақти Мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова ба истеъдоди ӯ баҳои баланд медиҳад ва Қурбоналии наврасро ба ин боргоҳи ҳунар даъват мекунад. Ӯ аз синфи 8 таҳсилро дар ин мактаб давом дода, чун яке аз шогирдони пешқадам онро бо баҳои аъло ба итмом мерасонад. Ба Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода дохил шуда, баробари таҳсил ҳамчун солист-овозхон узви ансамбли созҳои миллӣ-суннатӣ буд. Ду сол дар вилояти Мурмански Федератсияи Русия адои хизмати ҳарбӣ намудааст. Ҳангоми хизмат ҳам ӯ аз санъат дур набуд: дар оркестри нафасӣ сози баритон менавохт ва ҳамзамон, роҳбари бадеии гурӯҳи эстрадии қисми низомӣ буд. Давоми ду сол дар радиои вилоятии Мурманск нуҳ таронаи тоҷикӣ сабт кардааст.
Пас аз хатми Донишкада, ба ансамбли «Дарё»-и Кумитаи телевизион ва радио ба кор даъват мешавад ва то нафақа баромадан, дар он фаъолият намуд.
Қурбоналӣ Абдуллоев дар сафарҳои ҳунарияш ба Русия, ИМА, Олмон, Белгия, Туркия ва Қазоқистон санъати волои тоҷикро муаррифӣ намудааст.
«Наврас будам, барномаҳои мусиқии радиоро бо шавқ гӯш мекардам ва ҳамзамон, тасаввур менамудам, ки чӣ гуна садои ман аз ҳамин радио баланд мешаваду ба ҳунарам ҳама кафкӯбӣ мекунанд. Бо ҳамин орзуҳо, соли 1977 ду таронаам: «Гул мекунад» ва «Қонуни ҳақиқат»-ро дар телевизион сабт намудам»,– гуфта буд Қурбоналӣ Абдуллоев дар яке аз мусоҳибаҳояш.
Қурбоналӣ Абдуллоев бо сароидани сурудҳои мардумӣ ва бадеҳа шуҳрат дошт. Ӯро бештар бо сурудҳои «Қишлоқаки ман», «Аз хоки Ватан» «Чашмам масти ту бошад», «Душанбе», «Лайло», «Санамо», «Аввалин ишқам ту будӣ» ва «Чеҳраи хаёл» мешиносанд. Ӯ зиёда аз дусад тарона сурудааст, ки ҳар як сурудаш саҳнаи гӯёи маъниву эҳсоси волост.
Ӯ бештар ба ашъори Ҷалолиддини Балхӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва шоири муосир Бозор Собир оҳанг баста, ба забонҳои русию ӯзбекӣ низ суруд хондааст.
«Қурбоналӣ маънисаро буд. Барои ҳаводоронаш заҳмати самимона мекашид. Дар як маҳфили калон суруди “Аз хоки Ватан ”-ро бо тамоми эҳсос, бо тамоми вуҷудаш суруд, ки аҳли толорро ба гиря овард. Муаллифи матн Бозор Собир ҳам то охир ашк рехт», – ба ёд меорад ҳунарпеша ва ровии маъруф Ортиқи Қодир…
«Қурбоналӣ Абдуллоев инсони хоксор буд. Дар дӯстӣ устувор ва ба ҳеҷ кас хиёнатро раво намедид. Ҳунарманде буд, ки ҳам ҳунари воло ва ҳам хислатҳои хуби инсонӣ дошт",– мегӯяд Ҳаётой Муъминова, ҳунарманди шинохтаи тоҷик.
Шояд ӯ нақшаҳои зиёде дошт, зеро дар як мусоҳибааш гуфта буд: «Ҳоло ман суруди беҳтаринамро нахондаам». Вале, мутаассифона, ҳамаи онҳоро бо худ бурд…
Қурбоналӣ Абдуллоев 11-уми январи соли 2021 бар асари бемории вазнин аз олам даргузашт.


Таҳияи Фирӯзи АЛИШЕР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 31.10.2025 №: 211