ХИЗМАТ БА ВАТАН. АЗ ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ ТО ИҶРОИ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ
Ҳоло дар мамлакат мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ҷавонони суғдӣ низ бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ба ин маъракаи муҳим ҳамроҳ мешаванд.
Боло рафтани ҳисси ватандӯстии ҷавонон ба тадбирҳои судманди сохторҳои марбутаи давлатӣ иртиботи амиқ дорад. Дар ин росто, раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, дар ҳамкорӣ бо комиссариатҳои ҳарбӣ ва муассисаҳои таълимӣ, барои боло бурдани руҳияи ватандӯстӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тарғиботи муассир роҳандозӣ намудаанд.
ИҚДОМҲОИ МУАССИР ВА НАТИҶАҲОИ НАЗАРРАС
Яке аз иқдомҳои намунавии раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоятӣ аксияи “Ман ба Ватан хизмат мекунам!” мебошад, ки дар доираи он шумораи зиёди видеороликҳо аз ҷониби ҷавононе, ки тасмими хизмат ба Ватан доранд, таҳия ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр гардиданд. Ин иқдом муҳити мусоиди тарғиби хизмати ҳарбиро фароҳам оварда, дар ниҳоди ҷавонон руҳияи ифтихор аз ҳифзи марзу буми кишварро таҳким бахшид.
Ҳамчунин, дар оғози сол аксияи ҷумҳуриявии “Китобҳо барои муҳофизони Ватан” баргузор гардид. Дар он ходимони сиёсӣ, омӯзгорон, рӯзноманигорон ва нависандагон китобҳои дӯстдоштаи худро бо дастхат ба сарбозону афсарони қисмҳои ҳарбӣ тақдим намуданд. Ин иқдом рамзи арҷгузорӣ ба муҳофизони Ватан ва пайванди маънавии ҷомеа бо хизматчиёни ҳарбӣ гардид.
Бино ба иттилои масъулини раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд дар доираи нақшаи чорабиниҳои тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ барои соли 2025, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят як қатор чорабиниҳои мақсаднок, аз ҷумла вохӯриву мулоқот, озмунҳо, фестивалҳо ва мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардиданд. Мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ таҳти унвонҳои “Сипар”, “Ҳомии Ватан”, “Ватанпарвар” ва “Сарбози оянда”, ки бо иштироки 7860 нафар ҷавони синни то даъватӣ гузаронда шуд, аз ҷумлаи чунин чорабиниҳо буданд.
ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА МАНФИАТҲОИ ДАЪВАТШАВАНДАГОН
Давоми сол дар қисмҳои низомии шаҳру ноҳияҳои вилоят рӯзҳои дарҳои кушода таҳти унвони “Хизмат ба Ватан шараф аст” баргузор гардиданд. Дар онҳо беш аз 5800 нафар ҷавон иштирок намуда, бо шароити хизматии сарбозон ва таҷҳизоти ҳарбӣ аз наздик шинос шуданд.
Дар маҷмуъ, дар самти тарбияи ватандӯстӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ беш аз 476 чорабинӣ баргузор гардида, 69 ҳазору 650 нафар ҷавонон, сарбозон ва афсарон фаро гирифта шудаанд.
Бо ҳадафи ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои навдаъватшавандагон, масъулони раёсати кор бо ҷавонон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳо ҳамасола дар ҳайати комиссияҳои даъват иштирок намуда, бо ҷавонон мулоқот мегузаронанд ва онҳоро ба хизмати софдилона ба Ватан ҳидоят мекунанд.
Шоира Салимова, модари Парвизҷон Салимов, ки бо сари баланд соли гузашта аз хизмати ҳарбӣ баргаштааст, мегӯяд:
– Правизҷон аз хизмат бо руҳия ва иродаи дигар баргашт. Ман дар рафтор, дар гуфтори писарам хислатҳои ҷавонмардиро бештар эҳсос кардам. Аҷибаш ин ки баъд аз омадан мехоҳад, додараки хурдиаш низ ба хизмати Ватан равад.
– Бояд ба хизмат равӣ, ин мактабро таҷриба кунӣ, то ба зиндагии мустақил омода бошӣ,- мегӯяд ҳамеша ба додараш.
Парвизҷонро хонадор кардем ва фурсати хизмат, ки расид писари дувуми мо низ ҳатман ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ меравад,- мегӯяд модари ҷавонписарони Ватан.
Воқеан имрӯз, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки сиёсати давлатии ҷавонони кишвар маҳсуб меёбад.
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
