ВАНҶ. ТАТБИҚИ ХОСТАҲОИ ҲУКУМАТ НОҲИЯРО ЗЕБОТАР МЕКУНАД

04 ноябр 2025, Сешанбе
13


Имсол мардуми заҳматпешаи ноҳия Ванҷ дар доираи амалисозии дастуру роҳнамоиҳои созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд. Хусусан, пешрафти иқтисодии ноҳия ба корҳои ободонию созандагӣ мусоидат намуда, симои онро боз ҳам зебову дилработар сохтанд.
Ба иттилои Наҷмиддин Давлатзода, раиси ноҳия, пеш аз ҳама, дар ин ҷо соҳибкорӣ ҳамчун муҳаррики иқтисодӣ рӯ ба пешрафту тараққиёт дорад. Ба ҳолати 1-уми октябри соли 2025 дар ноҳия 249 шахси ҳуқуқӣ, 2388 соҳибкори инфиродӣ ва 2134 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолияти назаррас карданд, ки шаҳодати боло рафтани равнақи иқтисодиёти ин гӯшаи зебоманзари Тоҷикистон аст.
Дар маҷмуъ, дар нуҳ моҳи соли равон бонкҳои ноҳия ба маблағи зиёда аз 16 миллион сомонӣ дар шаклҳои гуногун ба шаҳрвандон, аз ҷумла соҳибкорон, қарз додаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 8 миллиону 634 ҳазору 499 сомонӣ зиёд аст.
Бино ба таъкиди раиси ноҳия, кишоварзӣ соҳаи афзалиятноки хоҷагии халқи ноҳия ба ҳисоб меравад. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар нуҳ моҳи соли равон 149 миллиону 912 ҳазор сомонӣ буда, дар қиёс ба ҳамин давраи соли рафта 22 миллиону 358 ҳазор сомонӣ барзиёд иҷро гардидааст.
Дар ассотсиатсияҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ дар майдони 1136 гектар кишти зироатҳои кишоварзӣ гузаронда мешавад.
Дар ин давра истеҳсоли маҳсулоти ғалладонаӣ 941 тонна, картошка 3564, сабзавот 1222, мева 5811, тут 461, чормағз 51, гӯшт 772, шир 2360 тонна, тухми мурғ 891 ҳазор дона, пашм 15 ва асал 75 тоннаро ташкил додааст, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли рафта зиёд мебошад. Тибқи маълумоти оморӣ аз ноҳия 1 ҳазору 967 тонна маҳсулоти кишоварзӣ берун аз марзи ҷумҳурӣ содирот шудааст ва он 150 дарсади нақшаи пешбинишударо нишон медиҳад.
Дар ноҳия кишти тирамоҳӣ оғоз гардида, ба ҳолати 1-уми октябри соли равон он дар майдони 73 гектар анҷом гирифтааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли рафта 66,3 дарсад зиёд мебошад.
Дар мавсими ниҳолшинонӣ 116500 дарахт шинонда шуд, ки 300 фоизи нақшаро ташкил медиҳад. Иқлими ноҳияи Ванҷ барои тараққӣ додани соҳаи боғдорӣ хеле мусоид мебошад. Дар ноҳия имконияти сол ба сол зиёд намудани майдони боғҳои мевадиҳанда мавҷуд аст. Бинобар ин, Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия дар ҳудуди заминҳои худ дар майдони 41 гектар боғи нав бунёд намуд.
Ҳамзамон, зикр бояд кард, ки сокинони деҳаи Ваҳдат, ки дорои 150 хоҷагӣ мебошад, пурра бо оби ошомидании аз ҷиҳати санитарӣ тоза таъмин гардиданд. Имрӯз 65 нуқтаи оби нӯшоӣ ҷавобгӯ бо стандартҳои замони муосир мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст.
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия барои таъмир ва нигаҳдории роҳҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёт 246 ҳазору 112 сомонӣ маблағгузорӣ шудааст.
Бо мақсади расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегӣ – баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва табдил додани мамлакат ба кишвари транзитӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дар ноҳияи Ванҷ низ корҳои назаррас анҷом меёбанд. Ҳоло дар самти азнавсозии қитъаи Қалъаихумб – Ванҷ – сарҳади ноҳияи Рӯшони шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Кулма бо сохтмони 2 нақб ба маблағи қариб як миллиард сомонӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд. Илова бар ин, дар асоси дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон азнавсозии пурраи роҳи мошингард аз маркази ноҳия то нуқтаи пайвастшавӣ ба қитъаи шоҳроҳи Душанбе – Кулма ба масофаи 16,5 километр ба анҷом расид. Инчунин, бо супориши Пешвои миллат асфалтпӯш гардидани роҳи мошингарди деҳоти Язгулом ба масофаи 24 км оғоз шуда, кор дар ин самт бомаром идома дорад.
Барои дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ванҷ оид ба анҷом додани корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо тағйиру иловаҳои 122 банд бо маблағгузории 1 миллиарду 163 миллиону 316 ҳазор сомонӣ таҳия ва тасдиқ гардидааст.
Ба ҳолати имрӯза аз 122 банди нақшаи чорабиниҳо 87 банд иҷро шудааст, ки 71 дарсадро ташкил медиҳад ва дар 33 иншоот корҳо идома доранд. Айни ҳол дар ду иншоот, аз ҷумла сохтмони бинои маъмурии идораи нотариалӣ ва бахши САҲШ ва толори “Ақди никоҳ” дар маркази ноҳия ва сохтмони меҳмонхона дар мавзеи Дашти Язгулом корҳо ба сомон расонда мешаванд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 01.11.2025 №: 212