ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ. БАРДОШТ АЗ КОНФРОНСИ МИЛЛӢ
![]()
Дар доираи чорабиниҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист ва рушди устувор дар меҳмонхонаи «Crownе Plaza»-и шаҳри Душанбе Конфронси миллӣ оид ба ҳифзи гуногунии биологӣ таҳти унвони «Сиёсат, тиҷорат, илм ва ҷомеаи шаҳрвандӣ: тақвияти ҳамкорӣ барои маблағгузории устувор ва ҳифзи гуногунии биологӣ» баргузор гардид.
Дар ҷараёни Конфронс як қатор ҳуҷҷатҳои байналмилалии марбут ба ҳифзи гуногунии биологӣ муаррифӣ шуда, аз ҷумла қабули Протоколи Кунминг – Монреал, ки ҳадафҳои стратегии ҷаҳониро дар ин самт муайян мекунад, муҳим арзёбӣ гардид.
Суҳроб Эргашев, муовини директори Маркази миллии гуногунии бехатарии биологӣ, зимни суханронии худ таъкид дошт, ки Стратегияи миллии гуногунии биологӣ ва нақшаи амал, ки соли 2003 аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва дар соли 2016 мутобиқ ба нақшаи стратегии ҷаҳонӣ навсозӣ шудааст, яке аз механизмҳои асосии сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва институтсионалӣ дар татбиқи ҳадафҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Ба гуфтаи ӯ, айни замон лоиҳаи нави амалисозии Стратегия таҳия шуда, таҳияи ҳисоботи ҳафтуми миллӣ оид ба гуногунии биологӣ ва барномаи маблағгузорӣ шуруъ гардидааст.
Абдулсаттор Саидов, доктори илмҳои биологӣ, зикр намуд, ки истифодаи аз меъёр зиёди захираҳои биологӣ яке аз мушкилоти глобалӣ ба шумор меравад. Ба иттилои ӯ, феълан дар ҷумҳурӣ 242 намуди ҳайвонот ва 304 намуди рустанӣ таҳти хатари нобудшавӣ қарор доранд. «Дар даҳсолаи охир ба «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон» 20 намуди нави ҳайвоноти камшумор ворид гардид. Агар ин раванд идома ёбад, шумораи ҳайвоноти нодир боз ҳам меафзояд», – гуфт ӯ.
Коршиносон таъкид карданд, ки барои ҳифзи гуногунии биологӣ тадбирҳои илмиву амалӣ, аз ҷумла мониторинги мунтазами ҳолати экосистемаҳо ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, аҳамияти аввалиндараҷа доранд.
Зикр гардид, ки гуногунии биологии Тоҷикистон дорои маҷмуаҳои нодири табиӣ буда, барои таъмини устувории экологӣ ва амнияти озуқаворӣ аҳамияти ҳаётӣ дорад. Дар ин замина, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ифтитоҳи бинои нави Кумитаи ҳифзи муҳити зист навсозии Стратегияи миллии гуногунии биологиро яке аз афзалиятҳои давлатӣ арзёбӣ карданд.
Баргузории чунин ҳамоишҳо як қадами муҳим дар самти татбиқи сиёсати экологӣ ва таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад.
Оҳистамоҳ ВАФОБЕК, «Ҷумҳурият»
