“ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ”. НАШРИ КИТОБИ СОҲАВӢ ТАҚОЗОИ ЗАМОН АСТ

05 ноябр 2025, Чоршанбе
21


Дар маҷлисгоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон китоби иқтисодшинос ва собиқадори хоҷагии қишлоқ марҳум Файзулло Мирзо бо номи “Занбӯриасалпарварӣ” рӯнамоӣ шуд, ки олимону мутахассисони соҳа онро дастоварди хуби илмӣ маънидод намуданд. Он яке аз асарҳои бузурге ба забони тоҷикист, ки соҳаи занбӯриасалпарвариро бо тамоми паҳлуҳо ва нозукиҳо аз пайдоиш то рушду такомул, технологияи нави занбӯриасалпарварӣ, навъи зотҳои серҳосилу мутобиқшуда, ғамхориҳои давлату Ҳукумат барои ин пешаи камхарҷу сердаромад ва пешбурди он дар вазъияти гармшавии иқлимро дар бар мегирад.
Яке аз ҷанбаҳои муҳими асар ин аст, ки он бештар ба таҷрибаи занбӯриасалпарварон такя карда, бо мисолҳои зинда тарзу усули парвариши ин ҳашароти манфиатборро дар шароити табиии Тоҷикистон барои хонанда бозгӯ менамояд. Китоб бештар аз 30 мавзуъро фаро гирифта, аз 490 саҳифа иборат аст.
Бо таъкиди Амонулло Салимзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, китоби мазкур дастури муҳим барои истеҳсолкунандагони асал, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, институтҳои илмӣ, олимон, муҳаққиқону мутахассисони соҳа буда, он дар шакли ҷолиб, бо матни содаю оммафаҳм ба нашр расидааст. Дар китоб доир ба шароитҳои табиии мамлакат ва имкониятҳое, ки бо ғамхории Пешвои муаззами миллат дар самти парвариши занбӯри асал ҳамчун соҳаи сердаромаду камхарҷ фароҳам оварда шудаанд, маълумоти зарурӣ манзури хонанда гардидааст.


Усмон Маҳмадиёрзода, ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур, таълифи китоби “Занбӯриасалпарварӣ”-ро боз як пешрафти дигари илмӣ ва заминагузорӣ ба тавсеаи соҳаи мазкур дар мамлакат арзёбӣ намуд.
Ба гуфтаи ӯ, занбӯриасалпарварӣ дар Тоҷикистон соли 1930 бо овардани 140 оилаи занбӯри асал аз хориҷ оғоз ёфта, таърихи инкишофи худро дорад. Соҳаи занбӯриасалпарварӣ, асосан, дар замони истиқлолият мақоми хос пайдо карда, бо дастгирии Ҳукумати кишвар барномаҳои соҳавӣ дар ин самт роҳандозӣ шуданд ва ба пешрафти он суръат бахшиданд. Ҳамаи ин раванди рушд ва таҷрибаи ғании занбӯрнигоҳдорӣ дар китоб ҷой дода шуда, имконияти хуб барои хоҷагидорони соҳа ва мутахассисони оянда мебошад.
Ба навиштаи муаллифи китоб, барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ табиати нодир ва назаррабову афсункори Тоҷикистон, ки 93 дарсади масоҳати онро кӯҳистон ташкил медиҳад ва дорои гиёҳҳои шифобахшу сергул ҳамчун манбаи шаҳди занбӯри асал мебошанд, мусоидат менамояд.
Ҳамчунин, олимон Абдуррашид Шарифов, Ҷаҳон Азонзод ва нависандаи мумтоз Маҷид Салим аз фикру мулоҳизаҳои тоза ва маълумоти муфид доир ба технологияи муосири занбӯриасалпарварӣ, ки дар китоб оварда шудаанд, тавсиф карда, мутолааи онро сарчашмаи пешравиҳо дар истеҳсоли асал ва ҳам корҳои илмию таълимӣ донистанд. Ташаббускорони нашри китоб аз пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш барои нашри бештари асари мазкур ҷонибдорӣ карда, қисме аз онро ба китобхонаҳои ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ, инчунин, донишгоҳҳо тақдим намуданд.

Дар чорабинии мазкур ба муаллифи китоби "Занбӯриасалпарварӣ" Файзулло Мирзо унвони доктори фахрии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дода шуд.


Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.11.2025 №: 213