“ПУЛИ СОМОНӢ – РУКНИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ”. ГУЗОРИШ АЗ КОНФРОНСИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ

05 ноябр 2025, Чоршанбе
12


Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобил Хушвахтзода, роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, вазорату мақомот ва муассисаҳои давлатӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои қарзии молиявӣ Конфронси илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Пули сомонӣ – рукни давлатдории миллӣ” баргузор гардид. Конфронс ба муносибати 25-солагии барориши пули миллии сомонӣ бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон роҳандозӣ шуд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода чун ташаббускори ҳамоиш нахуст, аҳли нишастро ба муносибати 25-солагии ба муомилот баровардани пули миллӣ табрик намуда, зикр кард, ки масъалаи пули миллӣ аз рӯзҳои аввали ба мақоми Роҳбари давлат интихоб шудани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази таваҷҷуҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Пули миллӣ яке аз рукнҳои давлатдории миллӣ маҳсуб ёфта, санаи ба муомилот баровардани он дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистон рӯйдоди муҳим ба ҳисоб меравад.
Сипас, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар мавзуи “Таърихи 25 соли ба муомилот баровардани пули миллии сомонӣ” суханронӣ кард. Номбурда аз таърихи солҳои аввали соҳибихтиёрӣ, вазъи иқтисодӣ, барориши аввалин пули миллӣ- рубли тоҷикӣ ва баъдан, сомонӣ ёдовар шуда, изҳор дошт: “Пули миллӣ на танҳо василаи молиявӣ, балки яке аз рамзҳои давлатдории миллӣ мебошад. Гузашти айём исбот намуд, ки қарор дар бораи ташкил намудани низоми пулии мустақил ва ба муомилот ворид гардидани пули миллӣ иқдоми дурусту саривақтӣ буд, ки барои ташаккули истиқлолияти иқтисодии мамлакат заминаи мусоид фароҳам овард».
Зикр карда шуд, ки маҳз бо ибтикори шахсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба муомилот баровардани нишонаҳои нави пули миллии сомонӣ тасмим гирифта шуд ва 26-уми октябри соли 2000 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №415 дар хусуси аз 30-юми октябри соли 2000 ба муомилот баровардани воҳиди нави пули миллии кишвар “сомонӣ” ба имзо расид. Имрӯз пули миллӣ - сомонӣ рамзи арзандаи Тоҷикистони соҳибистиқлол гардида, барои иқтисодиёти рӯ ба инкишофи кишвари мо ҳамчун воситаи боэътимоди муомилот хизмат мекунад.
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода, доктори илмҳои иқтисодӣ, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобил Хушвахтзода, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Шариф Раҳимзода, намояндаи ширкати Giesecke & Devrient GmBx (Олмон) Аркадий Ноткин ва дигар иштирокдорони ҳамоиш оид ба таърихи сикказанӣ дар замони ниёгон, ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҷорӣ кардани пули миллӣ, таърихи барориши он, интихоби симои қаҳрамонони миллат, ҷойҳои таърихӣ ва нигораҳо, унсурҳои ҳимоявии пули миллӣ суханронӣ намуданд.
Фирдавс Толибзода ба иштирокдорон пули нави ҷашниро, ки бахшида ба муносибати 25-солагии пули миллӣ – сомонӣ бароварда шудааст, муаррифӣ намуд. Аз ҷумла, зикр гардид, ки тули 25 сол сомонӣ ба рамзи истиқлолияти давлатӣ, суботи иқтисодӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфт. Дар робита ба ин, бо дастгирӣ ва розигии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри арҷгузорӣ ба ин санаи муҳими таърихӣ Бонки миллии Тоҷикистон аввалин маротиба дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат пули ҷашниро бо арзиши 100 сомонӣ ба муомилот баровард. Пули ҷашнӣ на танҳо рамзи хотираи таърихӣ аст, балки нишони рушди устувори низоми пулию қарзӣ ва иқтисоди миллии кишвар мебошад. Дар тарҳи он унсурҳои фарҳангӣ, таърихӣ ва меъмории Тоҷикистон инъикос ёфтаанд, ки аз тамаддуни қадима ва ҳунару созандагии мардуми тоҷик шаҳодат медиҳанд.
Таъкид шуд, ки низоми бонкӣ бо руҳбаландӣ аз ғамхорию дастгирии ҳамаҷонибаи Пешвои миллат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки бо мақсади тарғиби эҳтиром гузоштан ба пули миллӣ, инчунин инъикоси санаҳои муҳими таърихӣ дар пули миллӣ бо истифода аз дастовардҳои муосири илмиву технологӣ барои такмили ороиши пули миллӣ ва ҷорӣ кардани унсурҳои нави ҳимоявӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда, ҳамқадами давру замон бошанд.


Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 04.11.2025 №: 213