ДОНИШГОҲИ ТЕХНОЛОГИИ ТОҶИКИСТОН. САҲМИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ДАР ТАТБИҚИ САНОАТИКУНОНИИ БОСУРЪАТИ КИШВАР
1-уми ноябр дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (ДТТ) Форуми байналмилалӣ таҳти унвони «Саҳми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар татбиқи саноатикунонии босуръати кишвар» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони сохторҳои давлатӣ, донишгоҳҳои дохилию хориҷӣ ва шарикони байналмилалӣ барои баррасии нақш, имконот ва таҷрибаи муассисаи мазкур дар рушди соҳаҳои илму саноат ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат ҷамъ омаданд. Дар оғози чорабинӣ намоиши дастовардҳои Донишгоҳ баргузор гардид, ки дар он 35 соли фаъолияти муассиса, лоиҳаҳои илмӣ-инноватсионӣ, ихтироот, санадҳои татбиқӣ ва маводҳои ба нашр расида муаррифӣ шуданд.
Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат, зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки ин санаи пурифтихор на танҳо ҷашни Донишгоҳ, балки дастовардҳои илм, маориф ва саноати миллӣ мебошад. Дар тули 35 сол ин боргоҳи маърифат бо саъю талоши устодони соҳибтаҷриба ва донишҷӯёни боистеъдод садҳо мутахассисони баландихтисосро барои соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ, бахусус саноат ва технология, омода намудааст. Маҳз дар замони истиқлоли давлатӣ ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлату Ҳукумат ба рушди илмҳои дақиқу риёзӣ, фанҳои техникӣ ва технологияҳои инноватсионӣ нигаронда шуда, заминаи устувори илмӣ ва амалии пешрафти кишвар фароҳам гардидааст.
Раҳмонзода Зоир Файзалӣ, ректори ДТТ, аз дастовардҳои назаррас ва саҳми Донишгоҳ дар рушди саноат, маориф ва иқтисоди миллӣ ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар марҳалаи сипаригардида ҷиҳати омода намудани мутахассисони соҳибтахассус ва дар бозори меҳнат рақобатпазир Донишгоҳ роҳи пуршарафро тай намуда, нуфузу мақомашро устувор кард ва сазовори эътибору эҳтиром дар байни муассисаҳои илмиву таълимии дохил ва хориҷи кишвар гардид.
Дар ҳошияи Стратегияи саноатикунонии босуръати кишвар барои омода намудани мутахассисон 37 барномаи таълимӣ, аз ҷумла дар самти саноати сабук 13, саноати хӯрока 12, зеҳни сунъӣ ва ҳавонаварди бесарнишин 5 ва дар самти технологияи иттилоотиву коммуникатсионӣ 7 барнома, амалӣ шуда истодааст. Таъкид шуд, ки саноатикунонии босуръати кишвар яке аз ҳадафҳои стратегии устувори сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад. Татбиқи ҳадафҳои муҳими давлатӣ бидуни рушди илм, таҳсилот, навоварӣ ва омода кардани мутахассисони дорои ҷаҳонбинии пешрафтаи иқтисодӣ имконнопазир аст. Дар ин замина, Донишгоҳ бо омӯзиши фанҳои дақиқ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ қадамҳои устувор мегузорад.
Баъд аз суханрониҳо маросими мукофотсупорӣ доир шуд, ки дар он як қатор устодон, олимон ва шарикони байналмилалӣ бо диплому ифтихорномаҳо, профессори фахрӣ, нишонҳои аълочии маориф ва илм, аълочии молия, аълочии фарҳанг, аълочии саноат ва туҳфаҳои хотиравӣ гаштанд.
Дар қисми дуюми Форум, ки дар чор бахши алоҳида идома ёфт, олимону муҳаққиқон, коршиносон ва мутахассисони кишварҳои гуногун маърузаҳои худро аз доираи васеи соҳаҳо ва мазуъҳои мубрам, ба монанди рақамисозии саноати нассоҷӣ ва сабук, технологияҳои инноватсионӣ дар саноати хӯрокворӣ, иқтисодиёти рақамӣ, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, зеҳни сунъӣ ва аҳамияти иттилоотӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, пешниҳод карданд.
Форуми байналмилалӣ баёнгари он аст, ки ДТТ ҳамчун маркази муҳими илм, инноватсия ва маориф дар татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти иқтисодӣ ва рушди устувори миллӣ, саҳми назаррас дорад. Бояд тазаккур дод, ки Форуми мазкур минбари муҳими ҳамкориҳои илмӣ ва иқтисодӣ буда, барои густариши робитаҳои байналмилалӣ ва амалисозии лоиҳаҳои нави инноватсионӣ миёни донишгоҳҳо ва соҳаҳои истеҳсолӣ мусоидати амиқ хоҳад кард.
Шаҳноз ҚУРБОН,
«Ҷумҳурият»
