«ИЛМ - ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ МУАЙЯН ГАРДИДАНД
1-уми ноябр дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими супурдани мукофотҳо ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Муовини Сарвазири мамлакат, раиси комиссияи Озмун Дилрабо Мансурӣ зимни сухани ифтитоҳӣ иштирокчиёнро бо анҷоми бомуваффақияти Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ гардидааст, табрик намуд.
Таъкид гардид, ки ин иқдоми Пешвои миллат ба мактаби воқеии ҳавасмандгардонии ҷавонон ба омӯзиш, ҷустуҷӯ, эҷод ва таҳқиқи илмҳои дақиқ табдил ёфтааст.
Гуфта шуд, ки Озмун бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин, дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо баргузор мегардад.
Дар натиҷаи ҷамъбасти умумӣ, шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 86 ҷой (19 ҷойи якум, 25 ҷойи дуюм ва 42 ҷойи сеюм) ҷойи аввалро ишғол намуд. Вилояти Суғд бо 35 ҷой (3 якум, 16 дуюм ва 16 сеюм) дар ҷойи дуюм, вилояти Хатлон бо 20 ҷой (3 якум, 6 дуюм ва 11 сеюм) дар ҷойи сеюм қарор гирифтанд. Шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бо 11 ҷой (1 якум, 3 дуюм ва 7 сеюм) дар ҷойи чорум ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо 4 ҷой (2 дуюм ва 2 сеюм) дар ҷойи панҷум ҷойгир шуданд.
Ба ғолибони Озмун дар номинатсияҳои гуногун дипломҳо, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукот қадр гардиданд.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
БМТ. ВОХӮРӢ БО ҲАЙАТИ ХАЗИНАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АСЪОР
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон бо ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор мулоқот намуд. Вохӯрӣ дар доираи баррасии сеюми Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (PCI) баргузор гардида, ҷонибҳо арзёбии натиҷаҳои Барнома, дурнамои иқтисодиву молиявии кишвар ва таҳкими ҳамкориҳои минбаъдаро мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода зимни шарҳи вазъи макроиқтисодӣ ва низоми бонкӣ чунин зикр намуд: “Бонки миллии Тоҷикистон минбаъд низ сиёсати пулию қарзиро баҳри таъмини суботи нархҳо ва эътимоди ҷомеа ба пули миллӣ равона намуда, ҷиҳати иҷрои “Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат”, ки бо ба назаргирифтани ислоҳоти афзалиятнок ҷиҳати таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти мамлакат таҳия гардидааст, кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ин вохӯрӣ фурсати муносиб барои муҳокимаи натиҷаҳои бадастомада ва баррасии масъалаҳо ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкориҳои минбаъда мебошад.
Дар вохӯрӣ натиҷаҳои татбиқи марҳалаҳои қаблии барнома мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибҳо, инчунин, доир ба дурнамои иқтисоду тадбирҳои Бонки миллии Тоҷикистон дар самти таҳкими сиёсати иқтисодӣ, идораи самараноки захираҳои байналмилалӣ, таҳкими бозори асъор, идораи самараноки пардохтпазирӣ ва пешгирии фишорҳои таваррумӣ, устувории бахши молиявӣ ва иҷрои тавсияҳои ҳайати Хазинаи байналмилалии асъор табодули назар намуданд.
Фирдавс Толибзода, инчунин, иброз дошт, ки Бонки миллии Тоҷикистон ба рақамикунонии низоми молиявӣ, густариши хизматрасониҳои молиявии рақамӣ ва қабулу истифодаи технологияҳои муосир (RegTech ва SupTech) аҳамияти махсус медиҳад. Ин иқдом ба баланд бардоштани самаранокии танзим ва густариши фарогирии молиявӣ равона шудааст.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон аз ҳамкории судманд бо Хазинаи байналмилалии асъор изҳори қаноатмандӣ намуда, тазаккур дод, ки татбиқи пайгиронаи ислоҳоти сохторӣ ва сиёсати макроиқтисодии устувор барои таҳкими эътимоди сармоягузорон, рушди устувори иқтисодӣ ва суботи молиявӣ заминаи боэътимод фароҳам меорад.
PS: Барномаи фишанги ҳамоҳангсозии сиёсат (Policy Consultation Instrument) фишанги ғайримолиявӣ буда, дар доираи он ба кишварҳои аъзо кумаки машваратӣ пешниҳод мегардад. Барномаи мазкур барои беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳим ба шумор рафта, истифода аз он ба афзоиши ҷолибияти иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
