БОЗИҲОИ МАҶМУӢ

05 ноябр 2025, Чоршанбе
15


Ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ ширкат мекунад
Аз 7 то 21-уми ноябр дар шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ VI Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ доир мегардад.
Ба барномаи бозиҳо 23 намуди варзиш, аз ҷумла 2 намуди варзиш барои шахсони имконияташон маҳдуд (пара-варзиши сабук ва пара-паурлифтинг), ворид аст. Беш аз 3000 варзишгари 57 давлати узви Ассотсиатсияи варзишҳои ҳамбастагии исломӣ (ISSA) ширкат мекунанд. Бино ба маълумоти ISSA, кишвари моро дар ин Бозиҳо 65 варзишгар аз рӯйи 10 намуди варзиш – варзиши сабук, варзиши электронӣ, волейбол, гӯштии тарзи озод ва юнонӣ-римӣ, таеквондо, тенниси рӯйи миз, футзал, ҷиуҷитсу, ҷудо, шиноварӣ намояндагӣ мекунанд. Тими футзали кишвар дар доираи Бозиҳо, таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов, дар даври гурӯҳӣ (гурӯҳи “В”) бо тимҳои Афғонистон, Эрон ва Марокаш бозӣ мекунад. Футболбозони толории мо дар даври аввал 4-уми ноябр бо тими Афғонистон, 6-уми ноябр дар даври дуюм бо Марокаш ва дар даври ҷамъбастӣ 8-уми ноябр бо Эрон вомехӯрад. Ба гурӯҳи “А” дастаҳои Арабистони Саудӣ, Ӯзбекистон, Либия, Озарбойҷон шомиланд. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин дар нимфинал мусобиқаро идома медиҳанд.
Дастаи мунтахаби ҷудои кишвар аз 7 нафар (5 мард, 2 зан) таркиб ёфтааст: Эмомалӣ Нуралӣ (-66 кг), Абубакр Шеров (-73 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода (-90 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг), Темур Раҳимов (+100 кг), Аҳлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг). Мусобиқаи ҷудо 8-10-уми ноябр ба нақша гирифта шудааст. Воқеан, Эмомалӣ Нуралӣ ва Мадина Қурбонзода парчамбардорони ҳайати Тоҷикистон дар маросими кушодашавии Бозиҳо интихоб шудаанд.
Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аз соли 2005 доир мегардад. 1-ум Бозиҳо низ дар Арабистони Саудӣ, шаҳри Макка баргузор шуда буд. Баъдан, соли 2013 Палембанг (Индонезия), 2017 Боку (Озарбойҷон), 2021 Кония (Туркия) мизбони Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ буданд. Бозиҳои дуюм соли 2010 дар Эрон ба нақша гирифта шуд, вале доир нагашт. Тоҷикистон дар 5 Бозиҳои гузашта 15 медал – 1 тилло, 4 нуқра, 10 биринҷӣ ба даст овардааст. Ягона медали тиллоро соли 2005 дар Макка Дилшод Назаров сазовор гаштааст.


ФУТБОЛ
Ҷоми ҷаҳон миёни наврасон дар Қатар оғоз гашт
Ҷоми ҷаҳонии футбол миёни наврасони то 17-сола, ки дар он тими наврасони Тоҷикистон ширкат дорад, 3-юми ноябр дар Қатар шуруъ гардид.
Дар мусобиқа 48 дастаи беҳтарини ҷаҳон иштирок дорад. Дастаҳо ба 12 гурӯҳ тақсим шудаанд ва аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин, инчунин, чор дастаи ҷойи сеюм, ки натиҷаи беҳтар ба даст меоранд, ба марҳалаи 1/16-финалӣ роҳхат мегиранд.
Тими наврасони Тоҷикистон дар гурӯҳи “I” бо тимҳои Чех (5-уми ноябр), Штатҳои Муттаҳидаи Амрико (8-уми ноябр) ва Буркина Фасо (11-уми ноябр) бозӣ мекунад.
Алаккай, дар чор гурӯҳ бозиҳои даври аввал доир гаштанд. Дар гурӯҳи “А” Африқои Ҷанубӣ бар Боливия (3:1), Италия бар Қатар (1:0), дар гурӯҳи “В” Ҷопон бар Марокаш (2:0), Португалия бар Каледонияи Нав (6:1), дар гурӯҳи “D” Аргентина бар Белгия (3:2), Тунис бар Фиҷӣ (6:0) ғалаба карданд. Ду бозӣ дар гурӯҳи “С” миёни тимҳои Костарика – АМА (1:1), Сенегал – Хорватия (0:0) мусовӣ анҷом ёфт.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 04.11.2025 №: 213