Заминларзаи шадид дар Афғонистон

05 ноябр 2025, Чоршанбе
17


Мир 24. Бино ба гузориши портали хабарии Tolo news бо истинод ба Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ), бар асари заминларзаи шадид, ки шаби душанбе рух дод, 27 нафар ҳалок ва беш аз 850 нафар маҷруҳ шуданд.
СҶТ гурӯҳҳои мобилии табибони реаниматолог ва ҷарроҳони травматологро ба минтақаи офат фиристодааст. Мутахассисон дар ҳамоҳангии зич бо мақомоти маҳаллӣ кор мекунанд. СҶТ ҳушдор додааст, ки бо идомаи корҳои наҷотдиҳӣ ва берун овардани одамон аз зери харобаҳо, шумораи қурбониён метавонад афзоиш ёбад. Ба гуфтаи Ҳанон Балхӣ, мудири минтақавии бюрои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ дар кишварҳои шарқии баҳри Миёназамин, вазъ дар бархе аз манотиқи аз заминларза осебдида ногувор боқӣ мемонад ва гурӯҳҳои наҷотбахшӣ ёрӣ ба осебдидагонро идома медиҳанд.


Мишустин: «Муносибатҳои Русия ва Чин дар ҳоли рушд ва сатҳи олӣ қарор доранд»
Мир 24. Раиси Ҳукумати Русия Михаил Мишустин, ки дар Чин қарор дорад, изҳор дошт: "Муносибатҳои Русия ва Чин дар таърихи чандинасраи худ дар сатҳи баландтарин қарор доранд ва сарфи назар аз монеаҳои мухталиф ва таҳримҳои ғайриқонунии Ғарб дар ҳамаи соҳаҳо ба таври динамикӣ рушд мекунанд", – гуфт ӯ зимни вохӯрӣ бо Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян.
Мишустин хотиррасон кард, ки соли равон 80-солагии Ғалаба бар Германияи фашистӣ ва милитаризми Ҷопон ҷашн гирифта шуд ва иштироки муштараки Президент Владимир Владимирович Путин ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин дар чорабиниҳои идона дар Маскав ва Пекин боз як тасдиқи дӯстии самимии халқҳои рус ва чинӣ гардид. Дар навбати худ, Сарвазири Шурои давлатии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ли Сян изҳор дошт, ки кишвараш омода аст ҳамкориҳоро бо Русия ба манзури ҳимояи муассиртар аз манфиатҳои ҳар ду кишвар таҳким бахшад.


Сафорати Беларус дар Словакия пас аз тақрибан се сол дубора
фаъол мешавад
Газета.Ru. Сафорати Беларус дар Словакия пас аз баста шуданаш дар охири соли 2023 дубора кушода мешавад. "Барқарор кардани ҳузури доимии дипломатии Беларус дар Словакия самаранокии талошҳоро барои рушди робитаҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ, омӯхтани зарфиятҳои ҳамкориҳои саноатӣ ва рушди муштараки бозорҳои нав ба таври қобили мулоҳиза афзоиш медиҳад", – омадааст дар изҳороти Ҳукумати Беларус.
Ҳукумат зикр кард, ки фармонро дар бораи барқарор кардани фаъолияти сафоратхона Сарвазир имзо кардааст. Намояндагии дипломатии Беларус бояд то 1-уми сентябри соли 2026 ифтитоҳ шавад. Дар охири моҳи сентябр сафири Словакия дар Минск Йозеф Мигаш эълон кард, ки кишвараш пас аз таваққуфи тақрибан панҷсола ҳамкориҳоро бо Беларус аз сар мегирад.


Чин муҳлати сафари бидуни раводидро барои шаҳрвандони беш
аз 40 кишвари ҷаҳон тамдид мекунад
Синхуа. Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Чин Мао Нин рӯзи душанбе хабар дод, ки Чин тасмим гирифтааст сафари якҷонибаи бидуни раводид барои шаҳрвандони беш аз 40 кишвари ҷаҳон то 31-уми декабри соли 2026 тамдид шавад.
Қарор буд, ки низоми бидуни раводид барои бархе аз ин кишварҳо дар охири соли ҷорӣ ба поён мерасид. Чин, ҳамчунин, тасмим гирифт, ки Шветсияро ба рӯйхати кишварҳои дорои низоми бидуни раводид шомил намояд. Шаҳрвандони он метавонанд аз 10-уми ноябри соли 2025 то 31-уми декабри соли 2026 бидуни раводид ба Чин сафар кунанд ва на бештар аз 30 рӯз бимонанд.


Ҷаҳон дар як сатр
Газет.Ru. Бино ба иттилои АИР «Новости», муовини намояндаи Дабири кулли СММ Фарҳон Ҳақ дар вокуниш ба изҳороти Президенти ИМА Доналд Трамп дар бораи имкони фиристодани ҳарбиён ба Нигерия даъват кард, ки аз таҳдиди истифодаи қувва худдорӣ намояд.
АИР «Новости». Вазири корҳои хориҷии Туркия Ҳакан Фидан гуфт, ки Исроил ба таври мунтазам оташбасро дар навори Ғазза вайрон мекунад ва ба интиқоли ёриҳои башардӯстона монеъ мешавад. Фидан муътақид аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд фишорро ба давлати яҳудиён афзоиш ва, ҳамчунин, вуруди ҳудуди 600 мошини боркаш ва 50 систернаи сӯзишвориро кафолат диҳад.
АИР «Новости». Ба гуфтаи вазири корҳои хориҷии Перу Уго де Села, ки аз тариқи телевизиони Epicentro пахш шуд, мақомоти Перу тасмим гирифтанд равобити дипломатиро бо Мексика пас аз ифшо шудани он ки ба Сарвазири собиқи Перу Бетси Чавес қароргоҳи Сафорати Мексика дар Лима паноҳандагӣ додааст, қатъ намояд.
ВВС. Молдив аввалин кишваре дар ҷаҳон шуд, ки барои насли наврас сигоркаширо манъ намуд. Мақомоти ин кишвари ҷазира тамокукашӣ ва фурӯши онро ба ҳар нафаре, ки баъд аз 1-уми январи соли 2007 таваллуд шудааст, манъ кард ва ин ба сайёҳон низ дахл дорад.

Санаи нашр: 04.11.2025 №: 213