ХОВАЛИНГ. БО ИФТИТОҲИ ПУЛИ МОШИНГУЗАР МУШКИЛИ СОКИНОН ҲАЛ ШУД
Фарзи мисол, чанде пеш дар деҳоти Шугнови ноҳия бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ роҳи мумфаршшудаи аҳамияти маҳаллидоштаи байни деҳаҳои Тиговону Дашти Рубот ифтитоҳ гардид. Дарозии роҳ панҷ километр буда, барои корҳои бунёдӣ 7,2 миллион сомонӣ сарф шуд. Ду тарафи роҳ бо обпарто ва лӯлаҳои обгузар таъмин ва 1,2 километр роҳ чароғон гаштааст.
Инчунин, дар деҳаи Сурҳои деҳоти Шугнов соҳибкори ватанӣ Одина Каримов, роҳбари ҶДММ “Ваҳдати Сомон”, пули мошингузарро ба истифода супурд, ки мушкили рафтуомади сокинон аз байн бардошта шуд. Дарозии пул 40 метр буда, барои бунёди он 2,5 миллион сомонӣ сарф гардид.
КӮШОНИЁН. ГУЗОШТАНИ САНГИ АСОС БАРОИ СОХТМОНИ ДУ МУАССИСА
Дар деҳаи Хиштсозони деҳоти Заргари ноҳияи Кӯшониён ба сохтмони муассисаи таълимӣ барои 640 нафар дар ду баст ва муассисаи таълимии томактабӣ барои 220 кӯдак оғоз бахшида шуд.
Муассисаҳои нави таълимӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Вазорати маориф ва илм сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор мегиранд. Ҷиҳати босифат ва ба талаботи стандартҳои муосир сохтани биноҳои нави таълимӣ раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба сохтмончиён дастур ва маслиҳатҳои судманд дод.
СПИТАМЕН. ОБОДӢ НИШОНИ ПЕШРАВИСТ
Дар деҳаи Саидқалъаи деҳоти Истиқлоли ноҳияи Спитамен ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси соҳибкор Фурқат Абдуҷабборов бинои баландошёнаи истиқоматӣ бунёд гардида, дар ошёнаи якуми иншоот маркази хизматрасонӣ ҷой мегирад. Инчунин дар паҳлуи бино коргоҳи истеҳсоли пойафзол ва сехи дӯзандагӣ сохта мешавад, ки пас аз ба истифода супурдан, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд.
Дар деҳоти болозикр соҳибкор Акмал Юлдошев кӯдакистони нав месозад, ки беш аз 200 дӯстрӯяк ба таълиму тарбия фаро гирифта мешавад. Дар деҳоти Куруш низ сохтмони бинои нави кӯдакистон барои 300 кӯдак идома дорад.

Рушди соҳаи тандурустӣ дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти вилоят қарор дорад. Чанде пеш раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода дар деҳоти Истиқлол бо рафти сохтмони маркази саломатии нав шинос гашта, таъкид кард, ки бо бунёди чунин иншоот сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ дар деҳот боз ҳам беҳтар мешавад.
Ҳамзамон, корҳои таъмиру навсозии беморхонаи марказии ноҳия идома доранд. Пас аз анҷоми корҳои навсозӣ муассиса бо таҷҳизоти муосир таъмин мегардад, ки ба баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ мусоидат менамояд.
МАСТЧОҲ. ВАҚТЕ ДАСТУ ДИЛИ МАРДУМ ГАРМ АСТ…
Корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Мастчоҳ вусъат ёфта, сокинон ва масъулон ният доранд, ки Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ таҷлил намоянд.
![]()
Бо ин мақсад, дар Ҷамоати шаҳраки Суғдиёни ноҳия корҳои сохтмонии кӯдакистони нав барои 240 кӯдак идома дорад. Ба маълумоти Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, Ҷамоати шаҳраки Суғдиён зиёда аз чор ҳазор аҳолӣ дорад ва аз шаҳракҳои навбунёд ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, кӯдакистон ва иншооти иҷтимоӣ дар маркази таваҷҷуҳ аст.
Корҳои сохтмонии бинои нави Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №40-и деҳоти Палдораки ноҳия низ дар авҷ мебошад. Иншооти ҷашнӣ дорои ҳашт синфхона буда, онро сокинону соҳибкорони ватанпарвар бунёд доранд.
Дар деҳоти Мастчоҳи ноҳия бо ташаббуси сокинон ва бо роҳи ҳашар бунёди бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 120 кӯдак идома дорад. Илова бар ин, бинои чорошёнаи беморхонаи марказии ноҳия бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бунёд гардида, дар таҳхонаи он ташхисгоҳ ва ҳуҷраҳои ёрирасон ҷойгир мегарданд. Бинои нав барои 285 кат пешбинӣ шудааст.
Ҳамзамон, дар деҳоти Навбаҳор бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ корхонаи истеҳсоли сангу шағал, бетон, симчӯб ва плитаҳои бетонӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз мегардад.
Дар деҳоти Оббурдон бошад, сохтмони обанбори нав идома дорад, ки бо ба истифода додани он таъмини аҳолӣ ва заминҳои кишоварзӣ бо об беҳтар хоҳад шуд.
Кароматулло АТО,
«Ҷумҳурият»
