АДЛ ҚОНУНИ МОСТ

05 ноябр 2025, Чоршанбе
9


Шуҳраи олам аст аз Куруши Кабир,
Хайру инсофи ту, миллати беназир!
Аз азал халқи мо тухми некӣ бикишт,
Адл қонуни мост аз дами Зардуҳишт!


Аз Авасто адаб хилқати халқи мост,
Фазлу илму ҳунар қимати халқи мост.
Миллати мо бизист худ ба қонуни адл,
Сабзу хуррам аз ӯ гашт ҳомуни адл.
Адл қонуни мост!
Ишқ ҳомуни мост!
Нури роҳи азал
Меҳри афзуни мост!


Миллате, ки варо ишқи ӯ раҳнамост,
Пуштибонаш шараф, ҳомии ӯ вафост!
Парчамаш парчами сулҳи дунё бувад,
Парчами дӯстӣ то Сурайё бувад!
Халқи мо зодаи сарнавишти накӯст!
Некном аз азал бо сиришти накӯст!
Хайру инсофу адл шеваи тоҷикист!
Фазлу илму адаб меваи тоҷикист!


Адл қонуни мост!
Меҳр ҳомуни мост!
Нури роҳи азал,
Меҳри афзуни мост!

Санаи нашр: 05.11.2025 №: 214