ВАТАНИ ҚОНУН
Миллати мост, к-аз замони қадим
Аз Ҳуқуқи башар башорат дод.
Ибрату дарси адлу қонунро
Бар тамоми ҷаҳон иморат дод.
Миллати мост, к-аз замони қадим
Монд бар ёдгори худ қонун.
То шиносад ҳуқуқи худ инсон,
По намонад зи ҳадди худ берун.
Аз Ҳуқуқи башар башорат дод
Бар замину замон Куруши Кабир.
Миллате, ки ба ҳикмати Зардушт
Буд худ дар талеаи тақдир.
Одамизод соҳиби қонун
Шуд ба ҷаҳди гузаштагони мо,
Парчами мост аввалин парчам,
З-аввалинҳо бувад нишони мо.
Миллати мо ҳамеша ойина
Дошт дар пеши рӯяш аз қонун.
Хайру некиву родмардиҳо
Буд ӯро ҳамеша андар хун.
Пояҳои вуҷуди поки ӯ
Пояҳо гашт бар Ҳуқуқи башар,
Пайки сулҳу башорати некӣ
Буд ӯро ҳамеша болу пар.
Зербуни ҳуқуқу қонунаш
Буда озодагиву озодӣ;
Арҷ бар ҷумла халқу миллатҳо,
Ҳамдилӣ, ҳамҷаворӣ, ободӣ.
Тоҷикистони соҳибистиқлол
Сарбаландӣ дар ин ҷаҳон дорад,
Ҳуҷҷати бахти ӯ бувад қонун,
Обрӯву фари замон дорад.
Инак озодагӣ, ҳуқуқи шахс
Шуд муқаддас дар ин диёри куҳан.
Ҳар нафас мешавад Ватан обод,
Ҳар нафас мешукуфад ин Меҳан.
Ватани асли асли қонунҳост,
Зербуни равонаш аз адл аст.
Бо ҳама ҷаври зиндагӣ зинда
Монда, зеро ки ҷонаш аз адл аст.
Кишвари дунявӣ, ҳуқуқбунёд,
Дар кушода ба рӯи ёрон аст.
Дӯстро тоҷи сар кунанд ин ҷо,
Чунки ин марз Тоҷикистон аст!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон
