БА «ҶУМҲУРИЯТ» ҶАВОБ ОМАД

11 ноябр 2025, Сешанбе
9


«Таъминоти дору. Дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ аз масъулият бештар кор бигирем!»


Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки мақолаи «Таъминоти дору. Дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ аз масъулият бештар кор бигирем!» («Ҷумҳурият», 9-уми январи соли 2025, №7) бо иштироки кормандони Ассотсиатсияи фарматсевтони ноҳия ва мудирони дорухонаҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.


Дар ҷараёни баррасии мақола маълум гардид, ки дар ноҳия 23 дорухона фаъолият дошта, дорои ҳуҷҷати тахассусӣ мебошанд ва дар мақомоти ваколатдори давлатӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Воридоти доруворӣ аз пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба роҳ монда шуда, корхонаҳои истеҳсоли маводҳои фарматсевтию тиббӣ дар ноҳия мавҷуд нест.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт ба сатҳу сифат, бехатарии доруворӣ дар нигоҳдорӣ ва таҳкими тандурустии аҳолӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ваколатҳои худро мутобиқи моддаи 7 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ карда, пешниҳодҳои дар мақола зикргардидаро дастгирӣ менамояд.


«Сокиншавии аҳолӣ ва чанд мушкили деҳот»
Вобаста ба мақолаи «Сокиншавии аҳолӣ ва чанд мушкили деҳот» («Ҷумҳурият», 16-уми январи соли 2025, №12) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рашт иттилоъ медиҳад, ки ба истиснои муҳоҷирони меҳнатӣ, ки муваққатан ба муҳоҷират мераванд, аҳолии деҳот сол ба сол дар ноҳия зиёд шуда истодааст.
Кӯчидани аҳолӣ аз ноҳияи Рашт ба шаҳри Душанбе аҳён-аҳён мушоҳида мешавад, вале дар асоси қарорҳои амалкунандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муҳоҷирати дохилӣ ҳамасола то 35 хоҷагӣ ба ноҳияҳои Лахшу Носири Хусрав кӯчонда мешавад, ки ин ба муҳоҷирати дохилӣ ва рушди деҳот мусоидат менамояд.
Дар мақола оид ба кам парвариш ёфтани ҳайвоноти хонагӣ, аз ҷумла мурғу чорвои калону майда дар деҳот низ сухан рафааст. Вобаста ба ин метавон гуфт, ки дар ноҳия тайи як соли охир саршумори ҳайвони калони шохдор аз 108 ҳазору 175 сар ба 113 ҳазору 693 сар ва моли майда аз 345 ҳазору 474 сар ба 388 ҳазору 985 сар афзоиш ёфтааст, ки иҷрои нақшаро 106 дарсад таъмин мекунад.


М. ҶОНОНЗОДА,
муовини раиси ноҳияи Рашт

Санаи нашр: 10.11.2025 №: 215