СПИТАМЕН. ПЕШСАФОНИ МУҲИМТАРИН МАЪРАКА ҚАДР ШУДАНД

11 ноябр 2025, Сешанбе
24

Деҳқонони ноҳияи Спитамен дар вилояти Суғд аз аввалинҳо шуда, нақшаи истеҳсоли пахтаро иҷро карданд. Хирмани аз аввали мавсим оростаи пахтакорони спитаменӣ 14 ҳазору 305,6 тоннаро ташкил дод, ки ба 100,1 дарсади нақша баробар аст.

– Умуман, мавсими имсола барои кишоварзон бобарор омад. Баъдан, риояи сад дарсади усулҳои парвариши ниҳолҳои пахта, коркарди саривақтиву обмонӣ, озуқадиҳии мутобиқ ба талаботи агротехникӣ ва омили дигари фаровонҳосилӣ – чеканка шароит фароҳам овард, ки ҳосили дилхоҳу фаровон рӯёнда шавад, – мегӯяд Темур Нӯъмонзода, раиси ноҳия.
Дар иҷрои саривақтии нақша саҳми ҳамаи 14 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ, аз ҷумла хоҷагиҳои деҳқонии “Саидмуродсаркор”, “Миркамол”, “Дилноза”, “Набзи истиқлол”, “Расулзода” назаррас буда, онҳо ҳосилнокиро аз ҳар гектар то 35-40 сентнер расонданд.
Бо назардошти ҳосили мавҷуда дар саҳро, деҳқонони ноҳия уҳдадор шуданд, ки боз то охири мавсим зиёда аз 2 ҳазор тонна пахта ғундоранд.
Дар вилоят пахтакорони ноҳияи Ашт низ ба марра наздик шуда, то имрӯз наздик ба 94 дарсади дурнамо ҳосил ҷамъоварӣ карданд.
Дар вилоят то 3-юми ноябр 106 ҳазору 968,6 тонна пахта ҷамъоварӣ шудааст, ки ба 81,5 дарсади нақша баробар аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 10.11.2025 №: 215