РОБИАИ БАЛХӢ. ЭЪТИРОФИ МОДАРИ ШЕЪРИ ПОРСИИ ДАРӢ-ТОҶИКӢ ДАР ЮНЕСКО

12 ноябр 2025, Чоршанбе
88


Хабари нишотбахши фарҳангиву адабӣ вобаста ба бузургдошти Робиаи Балхӣ дар ЮНЕСКО ҷомеаи илмии Тоҷикистонро бениҳоят шод гардонд. Мувофиқи ин хабар, Ҷаласаи 43-юми Конфронси генералии ЮНЕСКО дар радифи 65-солгарду ҷашнвора ба феҳристи солҷашнҳо барои соли 2026-2027, инчунин, таҷлили 1050-солагии Робиаи Балхӣ – нахустин бонуи суханвари тоҷикро низ ворид намуд, ки боиси сарфарозӣ ва ифтихори мо – ворисони ӯ мебошад.
Робиаи Балхӣ яке аз нахустин ва барҷастатарин бонувони порсигӯйи адабиёти деринаамон буда, дар охири асри Сомониён зиставу бо ашъори худ дар раванди эҳёии адабиёти оламгири он даврон ширкати фаъол доштааст. Дар охири давраи фаъолияти устод Рӯдакӣ зиставу сабки рӯдакивори шеъру адаби даврони Сомониёнро дар Балхи Бомӣ – яке аз нахустин хостгоҳҳои шеъру адаби ниёгони шарафманд бо маром идома бахшидааст.
Шеърҳои боқимонда аз Робиа далели боэътимод бар суханвари тавоно ва дорои шуҷоати беназири адабӣ будани ӯянд:
Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод!
Бидод аз нақши Озар сад нишон об,
Намуд аз сеҳри Монӣ сад асар бод!
Ва:
Зи бас гул, ки дар боғ маъво гирифт,
Чаман ранги Аржанги Моно гирифт.


Аз ду девони мукаммали ашъори Робиаи Балхӣ (ки яке ба забони модарии ӯ – тоҷикӣ ва дигаре бо забони арабӣ будааст), 55 байт беш боқӣ намонда. Аммо аз ин мероси андаки ӯ бино ба қавли Муҳаммад Афвии Бухороӣ, шеършиносу шоирдӯст, «Духтари Каъб агарчи зан буд, аммо ба фазл бар мардони ҷаҳон бихандидӣ, фориси ҳар ду майдон ва волии ҳар ду баён, бар назми тозӣ қодир ва дар шеъри порсӣ бағоят моҳир ва ба ғояти закои хотир» будани Робиаи Балхӣ барҳақ аён аст.
Дар сатҳи ЮНЕСКО таҷлил гардидани 1050-солагии Робиаи Балхӣ аз шинохти дурусти сухани дилангези ин модари шеъру адаби порсии тоҷикӣ ба шумор меояд. Ин пайки хуҷастаро ба дӯстони эрониву афғонистониамон, ки дар баррасии ин лоиҳа шарики моянд, ҳумоюнбод мегӯем.
Бинобар ин, барои ҷовидонӣ ва манбаи ифтихору худшиносии доимӣ гардондани ному корномаи адабии ӯ зарур аст, ки Ҷоизаи ба номи Робиаи Балхӣ барои бонувони суханвар, пажӯҳишгар ва фаъоли маданӣ низ таъсис дода шавад!


Анзурати МАЛИКЗОД, номзади илмҳои суханшиносӣ, ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти тоҷик ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакии АМИТ

Санаи нашр: 11.11.2025 №: 216