МУРҒОБ ДАР ПЕШОРӮЙИ ИДҲОИ БУЗУРГ

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
11


Ноҳияи Мурғоб тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз ҳар ҷиҳат ба таври бесобиқа хеле пешрафт кард. Маркази ин ноҳияи дурдасттарини кишвар сол ба сол ободу зебо гардида, ба шаҳраки намунавии муосир табдил ёфта истодааст. Ноҳия аз маркази кишвар дар масофаи бештар аз 1000 км дурӣ ҷой гирифта бошад ҳам, ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарор дошта, рушди иқтисодӣ-иҷтимоии минтақа аз афзалиятҳои зиёде бархӯрдор мебошад.
Ҳафтаи пеш дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 31-умин солгарди Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ноҳияи баландкӯҳ бо иштироки раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва роҳбарони идораву муассисаҳои дахлдори вилоятӣ як қатор иншооти муҳим ба истифода дода шуданд. Нахуст, раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш дар маркази ноҳия аз бинои нави мағозаи гӯшту шир боздид ба амал оварданд. Дар иншоот барои нигаҳдошти маҳсулоти шириву гӯштӣ тамоми шароитҳои муосир фароҳам аст. Тавре иттилоъ доданд, мағоза бо хоҷагиҳои алоҳидаи деҳқонии маҳаллӣ, аллакай, шартнома баста, маҳсулоти тару тоза ва босифатро сари вақт аз онҳо қабул ва барои мизоҷон дастрас менамояд.
Дар зимн, раиси вилоят таъкид кард, ки ноҳияи Мурғоб бо назардошти шароитҳои махсуси ҷуғрофиаш ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ин аст, ки ноҳия бо дастгирии Ҳукумати кишвар дар замони соҳибистиқлолӣ ба гунаи шинохтанашаванда рушд кардааст. Ноҳия сол ба сол ободтар гашта, симои зоҳирии худро куллан дигар намудааст.
Раиси вилоят дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди бемайлони ноҳияро ёдрас шуда, бунёди Неругоҳи барқи обии “Тоҷикистон” бо иқтидори 1500 кВт, ки аз рӯйи мавқеи ҷуғрофиаш дар ҷаҳон дар ҷойи дуюм қарор дорад, аввалин неругоҳҳои барқи офтобӣ дар кишвар, кушодашавии шоҳроҳи Душанбе – Мурғоб – Қарақурум, табдили маркази ноҳия аз деҳа ба шаҳраки замонавӣ ва иншооти муҳими навбунёди ноҳияро мисол оварда, зикр кард, ки дар ҷавоб ба чунин ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат, хосса Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, зарур аст, ки фарзандонамонро дар руҳияи баланди ватандӯстӣ тарбия намуда, диққати онҳоро бештар ба китобхонӣ ва забономӯзӣ, ободониву созандагӣ ҷалб намоем. Раиси вилоят номи хонандаи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9-и ноҳияи Мурғобро, ки дар Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" ҷойи дуюмро ишғол намуд, бо хушнудӣ зикр карда, таъкид дошт, ки бояд сафи чунин хонандагон дар ноҳия зиёдтар гардад.
Дар идома раиси вилоят ба Ҷамъияти истифодабарандагони чарогоҳи Ҷамоати шаҳраки Мурғоб ва деҳоти Аличур ду трактор тақдим намуда, таъкид кард, ки ин низ дастгирии навбатии Ҳукумати мамлакат, бахусус Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, нисбат ба сокинони минтақаи дурдасти кишвар мебошад.
Инчунин, Алишер Мирзонабот пули навбунёди пиёдагарди маҳаллаи Сафедоби шаҳраки Мурғобро ба истифода дод, ки он ду қитъаи маҳаллаи Сафедоби маркази ноҳияро бо ҳам мепайвандад.
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин, беморхонаи марказии ноҳияи Мурғоб пас аз таъмири асосӣ ба истифода дода шуд. Корҳои таъмирӣ дар беморхона бо сатҳу сифати баланд ва тибқи талаботи замон ба анҷом расида, дар он барои табобати шаҳрвандон тамоми шароиту имкониятҳои мусоид фароҳам гардидааст. Дар назди бинои беморхонаи ноҳиявӣ, ҳамчунин, маркази дандонпизишкӣ муҷаҳҳаз бо тамоми таҷҳизоти муосир сохта ба истифода дода шуд.
Зимни боздид аз беморхонаи марказӣ ва маркази дандонпизишкӣ раиси вилоят ба корҳои сохтмонии анҷомдодашуда баҳои баланд дода, ба кормандони беморхонаи марказӣ ва маркази дандонпизишкӣ ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ хизматрасонӣ намудан ба аҳолӣ, таҳти назорати қатъӣ гирифтани беморон ва дигар самтҳои муҳими соҳа дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар навбати худ, кормандони беморхона аз дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба соҳаи тандурустӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз доштанд, ки минбаъд низ тамоми қувваи худро баҳри ҳифзи солимии аҳолӣ равона хоҳанд кард.
Дар доираи сафари корӣ раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш, ҳамчунин, бо мақсади шиносоӣ аз омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони дарпешистода аз анбори Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия дидан намуданд. Тавре иттилоъ доданд, аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамаи деҳоти дурдасти ноҳия маводи ниёзи мардум, аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, ба миқдори зарурӣ захира шуда, нисбат ба нархи бозор арзонтар дастраси мардум мегарданд.

Раҳмони ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217