Тавсеаи робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Покистон

13 ноябр 2025, Панҷшанбе
20


10-уми ноябр вохӯрии роҳбари Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ бо Ассамблеяи миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон Бахтиёр Аҳмадзода бо сафири Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баргузор гашт.
АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, ки зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба байни вакилони ду ҷонибро баррасӣ намуданд.


Дилрабо Мансурӣ дар Форуми ҳамкории Чин – Осиёи Марказӣ
Чанде пеш дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми 12-уми ҳамкории Чин – Осиёи Марказӣ баргузор шуд, ки дар он муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иштирок намуд.
Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки ҳамкории судманд, махсусан дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории минтақавӣ дар қолаби Осиёи Марказӣ ва Чин, ба сатҳи баланд расидааст.
Дар идомаи силсилачорабиниҳо муовини Сарвазир бо муовини Раиси Шурои машваратии сиёсии мардумии Чин, раиси Кумитаи Созмони ҳамкории Шанхай оид ба ҳамсоягии нек, дӯстӣ ва ҳамкорӣ хонум Шэн Юэюэ мулоқот кард.


Мулоқоти муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ бо роҳбари UN-Women
11-уми ноябр муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин бо роҳбари СММ-Занон (UN-Women) дар Тоҷикистон Марзия Байдуллоева вохӯрд.
Дар рафти мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва UN-Women мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ин бора маркази матбуоти Вазорат иттилоъ додааст.


Баррасии рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимии Тоҷикистон
Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» нақша дорад, ки ҷиҳати рушди инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва дастгирии иқдомҳои навоваронаи Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар ин хусус зимни вохӯрии вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода бо директори генералии Бунёди байналмилалии «Маориф аз ҳама боло» Муҳаммад Саъд ал-Кубайсӣ, ки дар шаҳри Давҳа баргузор гардид, иттилоъ доданд.
Тавре ба хабарнигори мо аз маркази матбуоти Вазорат иттилоъ доданд, дар мулоқот ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи маорифро баррасӣ намуданд.


ТОҶИКИСТОН ВА ИМА
Ҳамкориҳо дар соҳаи рақамикунонӣ
«Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ва ширкати амрикоии Nasdaq, Inc. Ёддошти тафоҳум ба имзо расонданд»,– иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».
Ин санад дар доираи баргузории ҳамоиши сатҳи баланди Тоҷикистон ва ИМА оид ба соҳибкорӣ дар Вашингтон ба тасвиб расид.
Он ба рушди инфрасохтори молиявӣ ва технологии танзимкунандаи Тоҷикистон нигаронда шудааст.

Санаи нашр: 12.11.2025 №: 217