СУҒД. ТАҲКИМИ ОМОДАГӢ БА МАВСИМИ ЗИМИСТОН
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъмини талаботи аҳолӣ бо ангишт дар мавсими зимистон ва дар доираи татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28-уми марти соли 2025 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самаранок дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2025-2026», КВД “Ангишти тоҷик” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ярмарка-фурӯши ангиштро баргузор намуд.
Ярмаркаҳо дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Конибодом, Истаравшан, Бобоҷон Ғафуров, Мастчоҳ, Ашт ва Зафаробод баргузор гардида, дар онҳо навъҳои гуногуни ангишти ватанӣ бо нархҳои дастрас ба аҳолӣ пешниҳод шуданд. Ҳадафи асосии баргузории ин ярмаркаҳо таъмини саривақтии аҳолӣ бо маводи сӯзишворӣ, танзими нархи бозор ва осон намудани дастрасии сокинон ба ангишти ватанӣ мебошад.
Ба гуфтаи масъулини соҳа, баргузории чунин чорабиниҳо имкон дод, ки миқдори зиёди ангишт ба аҳолӣ фурӯхта шуда, дар аксари шаҳру ноҳияҳо захираи маводи сӯзишворӣ барои зимистон таъмин гардад.
Айни ҳол корҳои омодагӣ ба мавсими зимистон дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд идома дошта, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ҳамкорӣ бо корхонаҳои таъминотӣ ва хизматрасонӣ барои таъмини шароити мусоиди зиндагии аҳолӣ дар рӯзҳои сармо тадбирҳои иловагӣ меандешанд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
