ЖУРНАЛИСТИКАИ РАҚАМӢ ВА АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ
Имрӯзҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ масъалаи таъмини амнияти иттилоотӣ яке аз унсурҳои калидии рушди устувори ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, муайян ва безарарсозии манбаъҳои эҳтимолии хатар, ки аксаран аз муҳити рақамӣ сарчашма мегиранд, бояд дар маркази таваҷҷуҳи ҳар як ниҳоди давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дошта бошад.
Дар робита ба ин, муҳаққиқ Нусратуллои Назариён зикр мекунад: “Таъмини амнияти иттилоотӣ ҷиҳати ҳифзи амнияти миллӣ нақши калидӣ дорад. Дигар ҷиҳате, ки аҳамияти миллӣ доштани таъмини амнияти иттилоотиро бозгӯ мекунад – ин масъалаи мафкурасозӣ мебошад, зеро воситаҳои иттилоотӣ бо хабарҳои бунёдсӯз метавонанд ба мафкураи ҷомеа таъсири бад расонанд ва бо ин амнияти миллиро зери хатар гузоранд. Аз ин рӯ, моҳияти аслии амнияти иттилоотӣ маҳдуд сохтани манбаи ин таъсироти манфӣ ба мафкураи ҷомеа буда, дар баробари ин, ҳифз аз манфиатҳои миллию давлатӣ дар фазои иттилоотӣ мебошад”.
Имрӯзҳо дар кишвари мо ин низом ба таври байнисоҳавӣ амал мекунад. Идораҳои давлатӣ, муассисаҳои иттилоотӣ ва воситаҳои ахбори омма вазифадоранд, ки сиёсати ягонаи амнияти иттилоотиро риоя намоянд. Дар Тоҷикистон ду ҳуҷҷати асосӣ амнияти иттилоотиро таъмин мекунад: Консепсияи амнияти иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мақсадҳои асосии таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа, пеш аз ҳама, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ҳимояи ҳуқуқҳои шахс ва ҷомеа ҳангоми қабул, паҳнкунӣ ва истифодаи иттилоот мебошад.
Дар замони муосир пешрафти рақамикунонӣ самтҳои журналистикаро низ дигаргун сохт. Имрӯз хабарнигор дар баробари матн, акс ва видео, бо маълумоти рақамӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои мобилӣ низ кор мекунад. Албатта, ин навгонӣ имкон медиҳад, ки иттилоот зудтар паҳн гардад, аммо дар баробари ин, хатари ошкор шудани маълумот, таҳриф ва киберҳамлаҳо низ меафзояд.
Журналистикаи рақамӣ ин шакли муосири журналистика аст, ки тавассути технологияҳои рақамӣ (интернет, сомонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ, подкастҳо ва ғайра) иттилоотро ҷамъоварӣ, таҳия ва паҳн мекунад. Хабарнигорон ба муҳити зудтағйирёбанда ва аксаран рақобатпазир ворид мешаванд, ки дар он вақт ва дақиқӣ нақши муҳим мебозанд.
Зикр намудан зарур аст, ки солҳои охир тадқиқот дар соҳаи журналистикаи рақамӣ ба самти мустақили илм табдил ёфтааст. Ҳамзамон, ба ҷойи истифодаи истилоҳҳое чун «журналистикаи интернетӣ», «журналистикаи веб», «журналистикаи онлайн» ва «журналистикаи чандрасонаӣ», имрӯз бештар мафҳуми «журналистикаи рақамӣ» роиҷ мебошад. Агар қаблан бештар ба ҷанбаҳои техникии фаъолияти эҷодии журналист дар интернет таваҷҷуҳ мешуд, ҳоло метавон журналистикаи рақамиро ҳамчун як муҳити муташаккили иттилоотӣ баррасӣ кард.
А.Гардюшко, омӯзгори Донишгоҳи давлатии Беларус, дар китоби хеш “Журналистикаи рақамӣ” ин маҳфумро чунин шарҳ медиҳад: “Журналистикаи рақамӣ ба шарофати технологияҳо ва платформаҳои нав ташаккул меёбад ва бо ҳамкории интерактивӣ бо аудитория фарқ мекунад. Ин як амалиёти иҷтимоии тағйирёбанда мебошад, ки интихоби иттилоот, шарҳдиҳӣ, таҳрир ва паҳнкунии маълумоти воқеиро, ки дорои аҳамияти ҷамъиятӣ мебошад, мутобиқ ба усулҳои нави тавлиди муҳтаво дар бар мегирад”.
Журналистикаи рақамӣ аз журналис-тикаи анъанавӣ бо вижагиҳои махсус фарқ мекунад, ки он, аз ҷумла пешниҳоди муҳтаво дар форматҳои мултимедиявӣ (видео, графика, матн, аудио), мебошад. Имконияти зуд паҳн шудани мавод ва иштироки аудитория дар баррасии муҳтаво бо навиштани шарҳ ва тафсиру шарҳ, баёни таассурот ва эҳсос тариқи смайлҳо низ аз махсусиятҳои фарқкунандаи журналистикаи рақамӣ мебошад. Воқеан, имрӯз платформаҳои шабакаҳои иҷтимоӣ, мисли YouTube, Instagram, Facebook, Twitter, TikTok, барои журналистикаи рақамӣ майдони фарох фароҳам овардаанд. Вале, дар баробари ин, журналистикаи рақамӣ дар муҳити пур аз иттилооти бардурӯғ фаъолият мекунад. Барои журналисти муосир шинохти манбаи боэътимод, санҷиши ҳаққонияти далелҳо (fact-checking) ва ҳифзи иттилооти шахсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Зинатулло Исмоилзода таъкид мекунад: “Журналистика дар шароити кунунӣ фаротар аз он аст, ки замоне онро чун «ҳокимияти чорум» мепазируфтем. Ҷаҳонишавии муосир ва қонуниятҳои маълуми ҷаҳони иттилоотӣ ин хулосаро ба мо собит намудааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дарк менамояд, ки ин ҳокимияти чорум иқтидорест на танҳо як давлатро нобуд созад, балки ҷаҳонро дар сохту қолаби нав метавонад тағйир диҳад. Чун як силоҳи нави маҳви ҷаҳон шинохта шудани ахбор ба як падидаи маълуму муқаррарӣ табдил ёфтааст”.
Журналистикаи рақамӣ ва амнияти иттилоотӣ ду ҷузъи ҷудонопазири ҷомеаи муосир мебошанд. Бе таъмини муҳити амн, фаъолияти воситаҳои ахбори омма наметавонад боэътимод ва муассир бошад. Ҳамзамон, бе журналистикаи масъулиятнок амнияти иттилоотӣ низ пурра таъмин намешавад. Дар шароити ҷангҳои иттилоотӣ ва фазои пур аз фейк-хабарҳо, журналистон бояд иттилооти дақиқро интишор намоянд ва худро аз манипулятсия ва ҳамлаҳои киберӣ муҳофизат кунанд.
Аз ин рӯ, ҳамкории мутахассисони соҳаи амният, воситаҳои ахбор ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шарти асосии ҳифзи муҳити иттилоотии солим ва шаффоф дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба шумор меравад.
Мутахассисон бар ин назаранд, ки меъёрҳои асосии амнияти иттилоотӣ дар журналистикаи муосир мубориза бо иттилооти бардурӯғ ва ҳамлаҳои иттилоотӣ буда, журналист бояд меъёрҳои зеринро риоя кунад:
• Истифодаи паролҳои мустаҳкам ва дуқадамии муҳофизат;
• Шифргузории мукотиба тавассути платформаҳои амн (масалан, Signal, ProtonMail, Tutanota);
• Нигоҳ доштани маълумоти муҳими касбӣ дар муҳити боэътимод ва офлайн;
• Хабардор будан аз усулҳои фишинг (фиреб додан барои гирифтани маълумот);
• Омӯзиши мунтазами воситаҳои ҳифзи рақамӣ (digital hygiene).
Сурайё ҲАКИМОВА,
“Ҷумҳурият”
