"ТОҶИКФИЛМ". ОҒОЗИ БАНАВОРГИРИИ ФИЛМИ НАВ
Дар шаҳри Душанбе банаворгирии филми нав бо номи "Решаҳо" оғоз гардид.
Тавре аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» ба "Ҷумҳурият" хабар доданд, дар филм саргузашти ҷавоне нақл мешавад, ки пас аз солҳои дурии Ватан, аз Федератсияи Россия ба Тоҷикистон бармегардад, то падари худро пайдо карда, бо решаҳои аслии худ ошно шавад.
Муаллифи филмнома Сафар Ҳақдод буда, коргардонии онро Абдулҳай Зокиров бар уҳда дорад.
Наворбардорӣ дар шаҳри Душанбе, дар маконҳое чун фурудгоҳ, истгоҳи роҳи оҳан ва ибодатгоҳи насронӣ оғоз ёфта, дар ноҳияи Балҷувон идома меёбад.
Нақшҳои асосиро Мавлона Наҷмид-динова, Зулфия Содиқова, Фирӯза Раҳмонова, Абдумуъмин Шарифӣ, Хуршед Мустафоев, Умед Султонов, Фарид Мастонов иҷро карда, ҳамчунин, ҳунармандон аз театрҳои шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара низ ҷалб мегарданд.
Нахустнамоиши филми «Решаҳо» дар остонаи Рӯзи модар (8-уми март) ба нақша гирифта шудааст.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”
