МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ШАВКАТ МИРЗИЁЕВ
15-уми ноябр Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи вохӯрии ҳафтуми машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев мулоқот намуданд.
Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон баррасӣ гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба роҳбари кишвари мизбон барои даъват ва истиқболи гарм изҳори сипос намуданд.
Аз рушди мунтазами муколамаи сиёсии байнидавлатӣ изҳори қаноат шуд.
Ба густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, истифодаи имкониятҳои соҳаҳои муҳими стратегӣ, аз қабили энергетика, саноат, кишоварзӣ ва рушди робитаҳо дар самти технологияҳои инноватсионӣ, таваҷҷуҳи хос зоҳир гашт.
Бо ёдоварӣ аз афзоиши ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни ду кишвар, ки дар нуҳ моҳи соли равон ба зиёда аз 440 миллион доллари ИМА расидааст, таъкид гардид, ки имконияти кофӣ барои боз ҳам афзун намудани ин нишондод мавҷуд аст.
Таҳкими ҳамкорӣ миёни минтақаҳо ва самараи назарраси он таъкид шуд.
Мусоҳибон робитаҳои илмӣ, фарҳангӣ ва башариро дорои мавқеи хос дар муносибатҳои ду кишвар донистанд.
Таъмини амнияти минтақавӣ ва муборизаи муштараки кишварҳо бар зидди терроризм, экстремизм, тундгароии динӣ, ҷиноятҳои киберӣ ва қочоқи маводи мухаддир аз мавзуъҳои муҳими суҳбат буд.
Ҳамчунин, оид ба ҳамкории Тоҷикистон ва Ӯзбекистон дар доираи СММ, СҲШ, ИДМ ва вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор сурат гирифт.
