Аз ҷаласаи Шурои Маҷлиси намояндагон
17-уми ноябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагон, даъвати ҳафтум, баргузор гардид.
Дар ҷаласа пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагон «Дар бораи муқаррар намудани рутбаҳои махсус ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», лоиҳаи қонунҳо «Дар бораи идоракунии рақамӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» муҳокима шуд.
«Эмомалӣ Раҳмон – кафили субот ва пойдории истиқлоли давлатӣ»
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зери ин ном дар шаҳри Бӯстон ҳамоиши ҷумҳуриявии ҳизбӣ баргузор гардид.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар 34 соли соҳибистиқлолӣ: аз сулҳу субот то ваҳдати миллӣ, самараи заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Маҳз роҳбарии хирадмандона ва талошҳои пайвастаи Сарвари давлат боис гардид, ки дар мамлакат сулҳу ваҳдати миллӣ барқарор шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳамчун намунаи нодири барқарорсозии осоиш эътироф гардад.
Иштироки вакили тоҷик дар ҷаласаи САҲА
Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Маҳмадшоҳ Гулзода дар ҷаласаи 23-юми Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки дар шаҳри Истанбули Туркия ҷараён дорад, иштирок намуд.
Тавре хабарнигори парлумонии “Ҷумҳурият” иттилоъ дод, рӯзномаи кории ҷаласа конфронси парлумонӣ таҳти унвони «50 соли САҲА: эҳёи бисёрҷониба тавассути муколама ва ҳамкорӣ», Форуми баҳри Миёназамин ва ҷаласаи кумитаи доимиро дар бар мегирад.
Ҳамкории Тоҷикистону Ҷопон дар масъалаи иқлим густариш меёбад
Дар ҳошияи Конфронси 30-юми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) дар шаҳри Белени Бразилия миёни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Имзои санад қадами муҳим дар густариши ҳамкорӣ дар самти таҳкими иқтидор, санҷиши фосилавии пиряхҳо, мониторинги тағйирёбии иқлим, газҳои гулхонагӣ ва сифати ҳавои атмосферӣ ба ҳисоб меравад.
Экскаватор ва мошини сӯхторнишонӣ барои ноҳияи Лахш
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои обӣ ва обёрӣ дар Тоҷикистон, ба ноҳияи Лахш як экскаватори муосир дода шуд.
Мақсад самаранок истифода бурдани заминҳо, тозакунӣ ва барқарорсозии шабакаҳои обёрӣ, аз ҷумла заҳбуру заҳкашҳои дохили хоҷагиҳо мебошад.
Ҳамчунин, бо иқдоми роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба яке аз қисмҳои ҳарбикунонидаи Хадамоти давлатии оташнишонӣ оид ба муҳофизати ноҳияи Лахш мошини пуриқтидори сӯхторнишонӣ дастрас гардид.
Дар Душанбе ҷаласаи хотимавии «Муколамаи занони Осиёи Марказӣ» доир мегардад
25-уми ноябр дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Занон, сулҳ ва амният» ҷаласаи хотимавии "Муколамаи занони Осиёи Марказӣ" баргузор мешавад.
АМИТ “Ховар” хабар додааст, ки дар ҷаласа намояндагони Эрон, Озарбойҷон, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷамъиятӣ, коршиносони миллию байналмилалӣ ва занони паноҳҷӯ аз Афғонистон иштирок карда, масъалаҳои таҳкими сулҳ ва амният дар Осиёи Марказӣ тавассути роҳбарии занон, ҳамкории муштараки занони сулҳофар ва ҷавонон оид ба ваҳдати наслҳо, омӯзиши касбӣ ва тавсеаи имконияти иқтисодии занони афғон ва амсоли инҳоро баррасӣ менамоянд.
Оғози сохтмони корхонаи истеҳсоли бетон ва коркарди сангу шағал
Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар маҳаллаи Теми шаҳри Хоруғ бо лоиҳаи сохтмони корхонаи истеҳсоли бетон ва коркарди сангу шағал шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода мешавад, корхона то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ ба фаъолият оғоз менамояд. Раиси вилоят бунёди чунин корхонаҳоро дар самти ноил гардидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар, қадами устувор номид.
