ХАТЛОН. ШИНОСОИИ САРВАЗИР БО РАВАНДИ КОРҲОИ СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ ВА ҶАМЪОВАРИВУ КОРКАРДИ ҲОСИЛИ ПАХТА
13-уми ноябр, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода ҷиҳати шиносоӣ бо раванди корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаву коркарди он ба ноҳияҳои Хуросон ва Ҷалолиддини Балхии вилояти Хатлон сафар кард.
Дар ноҳияи Хуросон Сарвазири кишвар аз ҶДММ “Иттиҳодияи аграрии водии Заррин” дидан намуд, ки яке аз калонтарин корхонаҳои коркарди пахта дар ноҳия ба шумор рафта, аз соли 2014 фаъолият дорад. Иқтидори истеҳсолии он дар мавсим то 30 ҳазор тонна пахта буда, соли равон 26 ҳазору 400 тонна ашёи хомро коркард намудааст. Корхона бо таҷҳизоти муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, маҳсулоти он ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Дар корхона 120 коргари маҳаллӣ ба кори доимӣ ва мавсимӣ ҷалб гардидаанд.
Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Кӯшониён аз хоҷагии деҳқонии "Ёрмуҳаммад" дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии мазкур, аслан ба пахта ва сабзавоткорӣ машғул буда, дорои 7 гектар замини корами обӣ аст. Дар хоҷагӣ фаъолияти гармхонаҳои доимоамалкунанда ба роҳ монда шуда, дар он помидор, бодиринг, карам ва қаланфур парвариш меёбад.
Сарвазири кишвар таъкид намуд, ки кишоварзон дар оянда барои афзун намудани истеҳсоли сабзавот аз тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ тадбирҳо андешида, бо истифода аз агротехникаи муосир дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми арзанда гузоранд.
Сарвазири кишвар дар ноҳияи Кӯшониён аз ҶДММ “Ифтихори Ватан” дидан намуд. Ҷамъият ба коркарди пахтаи маҳиннах машғул буда, то имрӯз аз хоҷагиҳои пахтакори ҳудуди ноҳия зиёда аз 4 ҳазор тонна ашёи хом қабул намудааст. Зимни мулоқот Сарвазир ба кишоварзони ноҳия дастур дод, ки дар саҳро ҳосил фаровон аст ва ҳосили пахтаро сари вақт ҷамъоварӣ намоянд.
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бошад, Қоҳир Расулзода бо фаъолияти ҶДММ “Элит-Котон” шинос шуд, ки асосан ба коркарди пахта машғул мебошад.
Ҳамчунин, Сарвазири кишвар аз хоҷагии деҳқонии "Мурат" дидан кард. Хоҷагӣ дорои 14 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 2 гектари он парвариши лимӯ тавассути гармхонаҳо ба роҳ монда шудааст ва ҳоло хоҷагидорон ба ҷамъоварии ҳосил машғуланд.
Дар идома Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо ҷараёни бунёди бинои мактаби варзишии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ низ шинос шуд. Иттилоъ доданд, ки сохтмони муассиса соли 2023 оғоз гардида, аз тарафи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маблағгузорӣ мегардад. Иншоот дар арафаи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”
