БОЗДИДИ ДАВЛАТАЛӢ САИД АЗ ҚИСМИ НИЗОМӢ

18 ноябр 2025, Сешанбе
13


Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо мақсади шиносоӣ бо шароити хизматӣ ва омодагии ҷузъу томҳои марзбонӣ аз қисми низомии N-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Панҷ, боздид ба амал овард.
Нахуст, раиси вилоят сарбозону афсаронро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ ва саодати рӯзгор таманно намуд.
Зимни боздид раиси вилоят бо ҳайати шахсӣ вохӯрда, аз ҳолати инфрасохтор, шароити хобгоҳ, нуқтаҳои таъмин бо обу барқ, анборҳои маводи ғизоӣ ва дигар иншооти муҳим шинос гардид.
Раиси вилоят аз сатҳи омодагии хизматии сарҳадбонон, низоми машқу тамрин, техникаи ҳарбии дар ихтиёрбуда ва чорабиниҳои таҳкимбахши амнияти марз изҳори қаноатмандӣ кард.
Аз ҷониби раиси вилоят ба қисми низомӣ як миқдор маводи ғизоӣ, аз қабили орду равған, картошка, гӯшт, пиёз, супурда шуд.
Дар анҷом раиси вилоят хизматчиёни низомиро барои иҷрои софдилонаи вазифаи шаҳрвандӣ, ҳифзи осудагии сокинон ва ҳимояи марзҳои давлатӣ ба фаъолият ва зиракии касбӣ даъват кард.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


ИФТИТОҲИ БИНОИ ИЛОВАГӢ ДАР НАЗДИ МТМУ №43
15-уми ноябр бо иштироки раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 43-и ноҳияи Панҷ бинои иловагии таълимӣ барои 200 хонанда дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Муассиса дар партави дастуру ҳидоятҳои арзишманди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои ободонӣ ба ифтихори Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи фармоиши Бунёди миллии маблағгузории Тоҷикистон дар деҳаи Сомонии деҳоти Намуна бунёд ёфт.
Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иқдоми ташаббускоронро дар рушди соҳаи маориф ва таъмини толибилмон бо шароити хуби дарсомӯзӣ муҳиму саривақтӣ арзёбӣ намуд.
Давлаталӣ Саид зимни мулоқот бо омӯзгорону хонандагон таъкид сохт, ки барои омӯхтани забонҳои хориҷӣ, иштирок дар озмуну олимпиадаҳо ва баланд бардоштани обрӯву эътибори Ватан ҳамеша саъю кӯшиш намоянд.
Ҳамин гуна корҳои созандагиву ободонӣ дар ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳияи Панҷ бо маром идома дошта, сол ба сол бо мавриди истифода қарор гирифтани даҳҳо иншооти таъиноти гуногун барои таъмини рӯзгори шоиставу босаодати сокинон заминаи мусоид фароҳам оварда истодааст.


Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"


СУҒД. ФАРОВОНИИ ҲОСИЛ ВА РУШДИ БОҒДОРӢ ДАР ВИЛОЯТ
Соли ҷорӣ боғдорони вилояти Суғд аз ҳосили фаровони себ хушҳоланд. Айни ҳол дар ҳудуди вилоят беш аз 6 ҳазору 984 гектар боғи себ мавҷуд мебошад. Натиҷаи меҳнати содиқонаи боғпарварон ва истифодаи технологияҳои муосири аграрӣ имсол ҳосили себро афзун намуд.
Фаровонии ҳосил ба ғанигардии бозорҳои дохилӣ ва арзоншавии нархи мева мусоидат кард. Ҳоло себи ватанӣ вобаста ба навъ ва сифати он бо нархи аз 3 то 8 сомонӣ ба фурӯш меравад. Ин ҳолат нишонаи рушди устувори бахши боғдорӣ ва афзоиши иқтидори истеҳсолии хоҷагиҳои деҳқонӣ дар вилоят мебошад.
Солҳои охир таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба рушди боғҳои нав, навъҳои баландҳосил ва истифодаи усулҳои обёрии қатрагӣ афзудааст. Ҳадафи асосӣ таъмини бозори дохилӣ бо меваҳои тару тоза ва афзоиши содироти маҳсулоти боғдорӣ мебошад.
Бино ба маълумоти оморӣ, то моҳи октябри соли ҷорӣ танҳо аз вилояти Суғд 236,3 тонна себи тару тоза ва зиёда аз 7300 тонна себи хушк ба хориҷи кишвар содирот шудааст. Ин нишондиҳанда дар муқоиса бо солҳои гузашта афзоиш ёфта, далели рақобатпазирии маҳсулоти ватанӣ дар бозорҳои хориҷӣ мебошад.
Рушди боғдорӣ ба таъмини амнияти озуқаворӣ мусоидат намуда, барои таъсиси ҷойҳои нави кор ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии деҳқонон нақши муҳим дорад. Ҳоло дар вилоят даҳҳо хоҷагиҳои намунавӣ ва корхонаҳои коркарди мева фаъолият доранд, ки барои нигаҳдорӣ ва бастабандии маҳсулот шароити мусоид фароҳам овардаанд.


Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 17.11.2025 №: 221