ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ДАР КОЛЛЕҶИ ФАРҲАНГ

18 ноябр 2025, Сешанбе
13

13-уми ноябр, бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамасола рӯзи 16-уми ноябр ҷашн гирифта мешавад, дар Коллеҷи фарҳанги ҷумҳуриявии ба номи П. Бӯйдоқов чорабинии идона баргузор гардид.


Директори Коллеҷ Салоҳиддин Разоқзода зимни сухани ифтитоҳӣ иброз дошт, ки маҳз бо дастгириву супоришҳои ҳамешагии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи фарҳанг дар баробари дигар соҳаҳо рушди бесобиқа намудааст. Номбурда дар идома зикр кард, ки Рӯзи Президент рамзи ваҳдату садоқат ба Ватан буда, Пешвои муаззами миллат намунаи олии ибрат барои мардуми саодатманди кишварамон ҳастанд.
Дар идома ба як қатор донишҷӯён, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ фаъолона ширкат варзида, мақомҳои ифтихориро сазовор шудаанд ва ба омӯзгорони ин даргоҳи фазлу ҳунар, ки бо масъулияти баланд кору фаъолият доранд, сипосномаҳо тақдим гардид.
Ҷамъомади тантанавӣ бо барномаи рангини ҳунарӣ ба анҷом расид.
Миралӣ ВОҲИДОВ,
мудири кафедраи рӯзноманигорӣ ва китобхонашиносии КФҶ ба номи П. Бӯйдоқов

Санаи нашр: 17.11.2025 №: 221