КИТОБИ СЕЮМИ ««НАРОДНАЯ ГАЗЕТА» О НАРОДНОМ ПРЕЗИДЕНТЕ»
Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби сеюми ««Народная газета» о народном Президенте» ва ҷилди дуюми китоби «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар саҳифаҳои «Народная газета» нашр гардид.
Китоби сеюми ««Народная газета» о народном Президенте» дар ду ҷилд рӯйи чоп омадааст. Он дар бораи фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои 2011-2020 нақл мекунад. Китоб паёмҳо, суханрониҳо, мусоҳибаҳо, вохӯриҳо, инчунин сафарҳои корӣ ва расмиеро, ки дар саҳифаҳои нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Народная газета» инъикос ёфтаанд, дар бар мегирад.
Китоби якуми ««Народная газета» о народном Президенте» солҳои 1992-1999 ва китоби дуюм солҳои 2000-2010-ро фаро гирифтааст.
Маросими рӯнамоии ин китобҳо, ҳамчунин, ду дастури библиографии "Корнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон" (1992-2024) дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар чорабинӣ мушовири калони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Масрур Абдуллозода, директори Китобхонаи миллӣ Ҷумъахон Файзализода ва дигар масъулон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
