ВМКБ. ТАНТАНАИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ХОТИРМОН БУД
Дар Театри вилоятии мусиқию мазҳакавии ба номи М. Назарови шаҳри Хоруғ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (16-уми ноябр) чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Раиси вилоят Алишер Мирзонабот ва меҳмононро дар саҳни театр хонандагони мактаби санъат бо созу суруд пешвоз гирифтанд.
Чорабинии расмӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, раиси вилоят ҳозиронро ба муносибати солгарди Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олӣ ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки миллати тамаддунофари ориёинажоди тоҷик дар тули мавҷудияти худ масири хеле пурпечу тоб ва ноҳамворро тай намуда, монеаҳои бузургро паси сар намудааст. Тавре маълум аст, охири асри XX таърих миллати тоҷикро бо имтиҳони наву вазнин рӯ ба рӯ намуд. Хушбахтона, ба бахти миллати шарифи тоҷик, фарзонафарзанди ҷонсупору миллатдӯст, ватанпарвару хирадманд онро аз парокандагӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикро аз нестӣ наҷот дод.
Ин фарзанди накуном ва соҳибирода, ки ин дафъа дар симои Эмомалӣ Раҳмони ҷавон рӯйи саҳнаи сиёсат омад, парчами номуси миллатро барои наҷоти он ва кӯтоҳ намудани дасти душманони миллат аз мақсадҳои нопокашон баланд сохт.
Раиси вилоят зикр намуд, ки таърих ва мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аллакай ба фидокорӣ, хизматҳои содиқона, фаъолияти пурсамар, масъулиятшиносӣ, роҳбарию давлатдорӣ, роҳнамоию ҳидоятҳои мушфиқонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳои сазовор дода, ба ин шахсияти бузурги таърихӣ эҳтироми бузургро қоил ҳастанд.
Раиси вилоят аз шоҳкориҳои Роҳбари давлат ёдовар шуда, таъкид дошт, ки ҳамаи ин аз меҳнатқаринӣ, иродаи қавии сиёсӣ, дурандешӣ, солимфикрӣ, сари вақт тасмими дуруст ва ягона қабул намудану то интиҳо расондани онҳо, хиради азалӣ, қобилияти бузурги ташкилотчигӣ, кордонӣ, ҷавонмардии родмарди асил – Пешвои хирадсолори миллат гувоҳӣ медиҳанд.
Тули сиву чор соли соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғановати бузурги тамаддуниву таърихии миллати тоҷик эҳё, таҷдид ва барқарор, рукнҳои давлатдории навини тоҷикон устувор гардиданд.
Бо камоли ифтихор таъкид шуд, ки Президенти Тоҷикистон бунёдгузори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, сулҳ ва ваҳдати миллӣ, суботу пойдорӣ, таҳкимбахши сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва кафили ҳифзу ҳимояи кулли тоҷикони ҷаҳон ҳастанд. Ба ҳамин хотир, тоҷикону тоҷикистониён дар атрофи Роҳбари давлаташон боз ҳам муттаҳид шуда, омодагии худро баҳри ҳифзу ҳимояи марзу бум, дастовардҳои таърихӣ ва комёбиҳои замони соҳибистиқлолӣ бо меҳнату эҷод ва зоҳир намудани ҳувияти баланди худшиносию ватандорӣ ва миллатдӯстӣ нишон медиҳанд.
Аҳли ҳунари вилоят бо беҳтарин сурудҳои хеш чорабиниро ҳусни анҷом бахшиданд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
«Ҷумҳурият»
