ЧӢ ГУНА 3 ҲОСИЛИ БОСИФАТ ГИРЕМ? 

20 ноябр 2025, Панҷшанбе
20


СЕМИНАРИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ДАР ШАҲРИ ҲИСОР
Бо ибтикори Вазорати кишоварзӣ дар шаҳри Ҳисор таҳти унвони “Роҳҳои таъмини сифати шудгор, татбиқи технологияҳо ва вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ” семинари илмӣ-амалии минтақавии кишоварзон баргузор гардид. Дар кори семинар муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода, раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадсаид Файзуллозода, олимон ва намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.


Сулаймон Зиёзода дар қисми назариявии семинар ҳолати воқеии рафти ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ ва ҷараёни корҳои кишоварзиро соҳа ба соҳа, тибқи маълумоти оморӣ, дар шаҳру ноҳияҳои марбута таҳлилу баррасӣ намуд ва вобаста ба ҷамъоварии ҳосили боқимондаи кишоварзӣ дар саҳро, афзун намудани саршумори чорво, иҷрои нақшаи истеҳсоли гӯшт, шир, таъмини кишти тирамоҳии зироатҳо ва дигар самтҳои кишоварзӣ, ислоҳи саривақтии камбудиҳои ҷойдошта масъулони соҳаро вазифадор намуд.
Дар идомаи семинар профессори кафедраи меваю сабзавоти Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур академик Турсунбой Ахмедов дар мавзуи “Технологияи муосири парвариши картошкаи барвақтӣ ва сабзавот”, мудири озмоишгоҳи селексияи гандум ва ҷави Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Давлатов дар мавзуи “Гандуми тирамоҳӣ, технологияи кишти ғалладонагиҳо дар шароити заминҳои обӣ ва лалмии водии Ҳисор, муҳлат ва меъёри кишт ” маъруза карданд.
Ҳамзамон, дар раванди семинар ба масъалаҳои коркарди асосӣ ва беҳтар кардани ҳолати мелиоративии хок, ки гарави баланд шудани ҳосилнокии зироат дар заминҳои обӣ ва лалмӣ мебошад, инчунин кишти барвақтии зироатҳои сабзавотӣ ва зиёд намудани майдони гармхонаҳои доимоамалкунанда ҳамчун асоси танзими нарх дар бозорҳои истеҳсолӣ, таваҷҷуҳ зоҳир гардид.


Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 19.11.2025 №: 222