РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА МОҲИЯТИ ТАҚДИРСОЗИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ. БАРДОШТ АЗ ҲАМОИШИ ИДОНА

19 ноябр 2025, Чоршанбе
18



Ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи таърихии XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа чорабинии идона баргузор шуд.



Иброз гардид, ки Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ оғози таҳкими қонуният дар мамлакат гардид. Маҳз дар ҳамин ҷаласаи сарнавиштсоз Роҳбари давлат, вакилони мардумӣ ва халқӣ Тоҷикистонро дар партави сиёсати сулҳҷӯёнаи хеш сарҷамъ намуданд. Сарвари Тоҷикистон бо ҷасорату иродаи матин, ки аз меҳру муҳаббати бузург ба халқу Меҳан сарчашма мегирифт, дар муддати кӯтоҳ вазъияти сиёсиро ба эътидол овард.
Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Абдураҳмон Ҳалимзод оид ба рамзи давлатдорӣ ва ба ҷашни миллӣ табдил ёфтани Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарф зад.

– Рӯзи Президент рамзи садоқат ба Сарвари давлат ва муҳаббат ба Ватанро таҷассум мекунад ва барои маърифати таърихи давлатдории навин, ватандӯстӣ, ҳувиятсозӣ ва бедории миллӣ аҳамияти фавқулода муҳим дорад. Сабаби 16-уми ноябр ҷашн гирифтани Рӯзи Президент дар Тоҷикистон он аст, ки маҳз дар ҳамин санаи таърихӣ, яъне 16-уми ноябри соли 1994, Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори нахуст ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди халқу Ватан савганд ёд карданд, – гуфт Абдураҳмон Ҳалимзод.

Зикр шуд, ки боиси фараҳмандӣ, сарбаландӣ ва ифтихору номуси ҳар як фарди миллат аст, ки тоҷикон бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи ягона ва дурустро интихоб намуданд, ки таърих дурустии онро дар эҳёи давлатдории навин ва таъмини заминаҳои рушду шукуфоии ҳаёти осоиштаи ҷомеа собит сохт.


Ба гуфтаи маърузачиён, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, амалисозандаи нақшаҳои созандаву ояндабинона барои Ватану миллат, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалӣ шинохта шуда, унвони Пешвои миллати тоҷиконро на танҳо сокинони кишвар, инчунин, ҷаҳониён низ эътироф намудаанд. Хидматҳои шоистаи Пешвои миллат дар рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол беназир аст.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 19.11.2025 №: 222