ПАНҶАКЕНТ. ИНФРАСОХТОРИ ДЕҲОТ РУШД МЕЁБАД
![]()
Мардуми сарбаланди шаҳри Панҷакент барои сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ талош доранд дар ободонии маҳали худ саҳм гузоранд.
![]()
Аз ҷумла, чанде пеш дар деҳоти Косатарош бо иштироки раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода иншооти таъйиноти гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Аз ҷумла, дар деҳаҳои Чорбоғ, Новочомоқ ва Косатарош майдончаҳои варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, бо ташаббуси сокинони деҳаи Чорбоғ бинои дуошёнаи беморхона, ки аз 24 ҳуҷраи табобатию ёрирасон ва шуъбаҳои таваллуд, амрози дарунӣ иборат буда, бо таҷҳизоти ташхисию табобатӣ таъмин аст, бо харҷи беш аз 4,8 миллион сомонӣ аз ҷониби соҳибкорон ва сокинони боҳиммати деҳа бунёд ёфт.
Дар ҷараёни сафари корӣ раиси шаҳр, ҳамчунин, бо сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №86, бинои кӯдакистон дар деҳаи Новчомоқ, ки аз ҷониби соҳибкор Нарзулло Раҷабов сохта мешавад, шинос шуда, барои тезондани корҳо, аз ҷумла дар фурсати кӯтоҳ пӯшондани боми синфхонаҳо дастур дод.
Раиси шаҳр, ҳамчунин, аз рафти бунёди Маҷмааи варзишӣ ва савдо дар деҳаи Чорбоғ, ки аз ҷониби соҳибкор Акмал Эшбобоев сохта мешавад, дидан намуд. Маҷмаа аз толори варзиш, толорҳои бозии билярд ва бозии кӯдакон иборат буда, дорои маркази савдо ва фурӯши масолеҳи сохтмонӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки дар ин баробар, азнавсозии пойгоҳи обкашии “Дашти калон-1”, ки зиёда аз 200 гектар замини бекорхобида тавассути он обёрӣ мешавад, бо маблағгузории КМ “Зарафшон” аз ҷониби пудратчӣ ҶДММ “Файзи кӯҳистон” ҷараён дорад.
Дар умум, мардум талош доранд деҳаҳои худро ба шаҳраки замонавӣ табдил диҳанд ва мо умед дорем, ки бо ҳидояту дастгириҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ, хусусан Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ояндаи наздик шоҳиди навгониҳои зиёде дар деҳот мешавем.
Муҳаммад АМИН, “Ҷумҳурият”
