ФУРӮҒ САРҲАДЗОДА ЧЕҲРАИ НАВ ДАР МАЙДОНИ НАБАРДҲОИ ҶАҲОНӢ
![]()
Варзиш ба яке аз самтҳои муҳимтарини иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва ташаккули симои байналмилалии Тоҷикистон табдил ёфтааст. Дар баробари ҷавонони бешумор, духтарони тоҷик низ дар арсаҳои варзиш пайваста муваффақият ба даст меоранд. Яке аз чунин чеҳраҳои умедбахш Фурӯғ Сарҳадзода, боксёри навраси тоҷик, ҷоизадори Бозиҳои сеюми ИДМ ва Бозиҳои Осиё байни наврасон мебошад.
Фурӯғ соли 2010 дар ноҳияи Зафаробод ба дунё омада, аз сесолагӣ таҳти роҳбарии падар, мураббӣ Сарҳад Фозилов ба машқи карате ва муҳорибаҳои тан ба тан шуруъ намуд. Аз чорсолагӣ дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ ширкат меварзад. Фурӯғ Сарҳадзода чемпиони Тоҷикистон оид ба карате ва муҳорибаҳои тан ба тан мебошад.
Ӯ соли 2019 ба пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе омада, барои рушди касбӣ имкониятҳои бештар пайдо намуд. Аз соли 2021 дар Мактаби варзишӣ оид ба захираҳои олимпӣ таҳти роҳбарии мураббӣ Мардон Азимов ба бокс машғул аст. Ҳамзамон, дар Маҷмааи варзишии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳнамоии падар тамрин дорад.
Фурӯғ ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба бокс дар соли 2023, ғолиб ва ҷоизадори мусобиқаҳои байналмилалӣ дар Қазоқистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мебошад. Номзад ба Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.
Фурӯғ хонандаи синфи 9-уми МТМУ №25-и шаҳри Душанбе буда, таҳсилро бо варзиш тавъам пеш мебарад. Намунаи духтари меҳнатқарин, боинтизом ва ҳадафманд аст.
Падараш Сарҳад Фозилов бо ифтихор мегӯяд: «Мо мекӯшем, фарзандонро ба роҳи худмукаммалсозӣ роҳнамоӣ кунем. Духтарони тоҷик метавонанд дар варзиш низ ба дастовардҳои бузург бирасанд. Тавоноии равонӣ, тамринҳои пайваста ба ӯ имкон медиҳанд ба ринг бо ҷасорат барояд».
Фурӯғ орзу дорад дар чемпионати ҷаҳон ва бозиҳои олимпӣ зери Парчами давлатии Тоҷикистон пирӯзӣ ба даст оварад. Бовар дорад, ки муваффақият дар натиҷаи талошҳои зиёд, интизом ва дастгирии ҳамешагии оила ва давлат ба даст меояд.
Сурайё ҲАКИМОВА, “Ҷумҳурият”
