ШУКРОНАИ ҚИСМАТ
![]()
Шукронаи қисмат дорем!
Ҳар сафари Пешвои миллат ба вилояти овозадори Суғд саҳфаи хотирмоне дар таърихи диёр мегардад, ки он ба ҳарфҳои заррин сабт меёбад. Қудуми муборак ва файзбори Президент таҷассумгари беназири озодандешии ҷомеа, ваҳдати миллӣ, рӯзгори осудаю хотири болида ва ободии Ватану суботи зиндагиро таҷассум менамояд. Фасли поиз – фасли хазонрез аст. Ба шарофати ташрифи фарзанди фарзонаи миллат гулҳои тирамоҳӣ зеббахши ҳар кунҷу канори Суғдзамин гардид.
Чандин иншооти ҷашнӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Мардуми меҳнатқарини шаҳри Гулистон дар сафи ободкорони меҳандӯст устуворона қадам бигзошта, чор иншооти ҳаётан муҳим баҳри мардум дар во кард. Инҳо, се агрегати охирини НБО “Дӯстии халқҳо”, маркази саломатӣ, ҶДММ “ТИГЛАТ” ва ҶДММ “Орзуи аъло” ҳастанд.
Таҳти роҳбарии ин Сарвари хирадманду равшанрой дар таҳкими истиқлоли кишвар саҳмгузорӣ намудан ифтихори ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа бояд бошад.
Макка бо Каъба, мисриён бо Нил, Рӯдакӣ бо Бухорову амири хирадгустари Хуросон фахр намуда бошанд, пас мо – тоҷикон бо сиёсатмадори мақоми ҷаҳонӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтихор менамоем.
Шукронаи неъмати бебаҳои қисмат, ки мо дар қарни бисту як ҳамнаварди ин абарбузурги тоҷикону Тоҷикистонем!
Рустамҷон ОДИЗОДА,
сармуҳаррири рӯзномаи “Соҳил”-и шаҳри Гулистон
