ПАРЧАМИ РАНГИНИ ИСТИҚЛОЛ

24 ноябр 2025, Душанбе
22


Хонаи уммеду армонам,
Маҳзари шаъни ниёконам,
Эй гулистон, эй дилистонам,
Тоҷи дунё, Тоҷикистонам!
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Эй зулоли обҳои пок,
Сарзамини домани афлок,
Лонаи симурғии Хуршед,
Бахти мо месабзад аз ин хок!
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Эй сафоафшон, диёри мо,
Сарзамини нангу ори мо!
Хонаи сулҳ асту ишқу бахт
Меҳани доимбаҳори мо.
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Эй мунаввар сарзамини меҳр,
Эй шуои оҳарини меҳр!
Медурахшӣ бо ҳазорон ранг
Дар фурӯғи озарини меҳр.
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Марзҳоят марзи ори мост,
Марзи шаъну эътибори мост.
Бар дифоят ҷону тан бахшем,
Номи некат ифтихори мост.
Аз ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Марзҳоят аз дили ин хок
Мерасад то домани афлок,
Беҳудудӣ мисли меҳри мо,
Тоҷикистон, эй диёри пок!
Дар ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Қуллаҳои ту фалаксоянд,
Кӯҳҳоят боми дунёянд,
Чун сутунҳои бинои бахт
Мардумонат дар сари поянд.
Аз ҳавои меҳр бикшо бол,
Парчами рангини истиқлол!
Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон

Санаи нашр: 24.11.2025 №: 224