СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. ИШТИРОКИ ҚОҲИР РАСУЛЗОДА ДАР ҶАЛАСАИ ШУРОИ САРВАРОНИ ҲУКУМАТҲО

25 ноябр 2025, Сешанбе
22


18-уми ноябр дар пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва ҷаласаи Шурои сарварони ҳукуматҳо – сарвазирони кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид, ки дар он Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода иштирок ва суханронӣ намуд.


Дар ҷаласа вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, сармоягузорӣ, гумрук, кишоварзӣ, тағйирёбии иқлим, амният ва бахшҳои фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Қоҳир Расулзода таъкид намуд, ки Тоҷикистон робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодиро бо кишварҳои узви СҲШ самти муҳими фаъолияти иқтисоди хориҷии худ медонад.
Тавре зикр шуд, бо вуҷуди таъсири омилҳои беруна, иқтисоди Тоҷикистон рушди устувори худро нигоҳ медорад: суръати афзоиши он соли 2025-ум 8,2 дарсад пешгӯӣ мегардад. Дар ҳамин ҳол, аз се ду ҳиссаи гардиши тиҷорати хориҷии мо бо кишварҳои узви СҲШ рост меояд, ки ин рақам мунтазам меафзояд.
Таъсиси Бонки рушди СҲШ қадами калидӣ дар самти дастгирии лоиҳаҳои бузурги муштарак номида шуд.
“Барои беҳтар кардани ҳамлу нақли фаромарзӣ Тоҷикистон пешниҳод менамояд, ки Платформаи ягонаи рақамии СҲШ барои идоракунии ҳамлу нақли мултимодалӣ таъсис дода шавад”, – гуфт Қоҳир Расулзода.
Дар анҷом, таъкид гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ба уҳда гирифтани раёсати Шурои сарварони ҳукуматҳои СҲШ саъю кӯшиши худро ба навсозии минбаъдаи стратегии рӯзномаи иқтисодии Созмон равона хоҳад кард.
Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои созанда бо ҳамаи кишварҳои узв буда, азм дорад дар ташаккули СҲШ ҳамчун иттиҳоди сулҳ, рушд ва шукуфоӣ саҳм гузорад.
Дар вохӯрӣ масоили ҳамкории кишварҳо дар чаҳорчӯби СҲШ баррасӣ гардида, оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои бисёрҷониба ва натиҷаҳои ҷаласаи навбатӣ табодули афкор сурат гирифт.


Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”


ВМКБ. БОЗ ЯК ПАРКИ САНОАТӢ БУНЁД МЕГАРДАД
Чанде пеш сафари кории раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Алишер Мирзонабот ба ноҳияи Роштқалъа аз деҳаи Тавдеми Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиев оғоз гардида, бо рафти корҳои сохтмони майдончаи варзишӣ, ки бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамдастӣ бо сокинони деҳа ва дигар шахсони саховатпеша бунёд мегардад, шинос шуд.
Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки кор дар ин майдонча аз моҳи октябр оғоз ёфта, то Ҷашни 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Дар деҳаи мазкур 125 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад ва ҷавонони он ба варзиш майлу рағбати зиёд доранд. Бунёди иншооти мазкур бо дархости онҳо тарҳрезӣ шуда, дар сохтмон саҳми бориз мегузоранд.
Раиси вилоят зимни суҳбат бо сокинон аз пешравиҳои соҳаи варзиш дар вилоят ёдовар шуда, сокинони деҳаро бо Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами давлатӣ табрик намуд.
Дар деҳаи Бартавдеми Ҷамоати деҳоти Қурбоншо Гадолиев бошад, айни ҳол бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сохтмони муассисаи томактабӣ оғоз мегардад. Раиси вилоят дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъа аз мавзее, ки дар он ҷо бинои муассисаи томактабӣ сохта мешавад, дидан намуда, таъкид кард, ки бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ҳар деҳаи мамлакат бо дастури Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ мегардад, ки ин аз таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба таълиму тарбияи насли наврас ва сиёсати маорифпарваронаи ӯ дарак медиҳад. Раиси вилоят зикр намуд, ки муассисаи мазкур то ҷашни миллии истиқлоли давлатӣ сохта ва муҷаҳҳаз бо тамоми ашёи зарурӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Мавриди зикр аст, ки чанде пеш бо иштироки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳия як иншооти муҳими энергетикӣ – НБО “Себзор” бо иқтидори истеҳсолии 12 мВт мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси вилоят зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар бунёди Парки саноатӣ – технологӣ муҳимияти ташкили чунин корхонаҳоро дар ҳар як ноҳия таъкид намуда, ба соҳибкорон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии маҳали зисташон баҳои арзанда дод.
Дар идомаи сафар раиси вилоят аз зодгоҳи шоири шаҳир Мирсаид Миршакар, деҳаи Синдеви Ҷамоати деҳоти Сежд дидан кард. Дар ин ҷо бори нахуст барои кӯдакони хурдсол дар назди бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №37, муассисаи томактабӣ барои 20 нафар кӯдак мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Алишер Мирзонабот, раиси вилоят дар мулоқот бо бошандагони деҳа иброз дошт, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи маориф диққати зарурӣ равона гардида, имрӯзҳо сохтмони чунин муассисаҳои томактабӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар бо маром идома дорад. Танҳо имсол дар қаламрави вилоят 35 муассисаи томактабӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. То Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ боз бунёди 44 муассисаи томактабӣ тибқи нақша пешбинӣ шудааст.
Зимни сафари раиси вилоят дар ин деҳа, ҳамчунин, майдончаи варзишии муосир ва дар деҳаи Рубот пули мошингузар ба истифода дода шуд.


Раҳмони ГУЛЗОР, «Ҷумҳурият»

Санаи нашр: 25.11.2025 №: 225-226