«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». ИМТИЁЗИ ДОВТАЛАБОН БЕШТАР МЕГАРДАД
14-уми ноябр дар шаҳри Душанбе даври ҷамъбастии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз гардид. Озмуни мазкур соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Имсол 434 довталаб аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 74 довталаб, вилоятҳои Суғд, Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 90-нафарӣ дар даври ниҳоӣ иштирок доранд. Ба ҳамаи довталабоне, ки ба даври ҷамъбастии Озмун роҳ ёфтаанд, сертификат дода шуд. Сертификат ба иштирокчиён имкон медиҳад, ки онҳо то се сол аз рӯйи равияҳои гуманитарӣ ва педагогӣ бе имтиҳонҳои Маркази миллии тестӣ ба муассисаҳои олии мамлакат дохил шаванд. Яъне, агар иштирокчиён хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ (синфҳои 10-11) бошанд, баъди хатм метавонанд ба муассисаҳои олии мамлакат ройгон дохил шаванд. Ҳамчунин, барандагони ҷойҳои 1, 2, 3 ва шоҳҷоиза метавонанд ба муассисаҳои олии мамлакат, ба равияи дилхоҳашон ройгон ва бе супурдани имтиҳон шомил гарданд. Хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, ҳангоми дар даври ҷумҳуриявии Озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё шоҳҷоиза гардиданд ба гурӯҳи ройгон гузаронда мешаванд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки имсол мукофотпулӣ барои ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ду баробар зиёд карда шуда, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони Озмун 6 670 000 (шаш миллиону шашсаду ҳафтод ҳазор) сомониро ташкил медиҳад ва мутаносибан барои ҷойи сеюм 40 ҳазор, ҷойи дуюм 50 ҳазор, ҷойи якум 70 ҳазор сомонӣ ва барандаи шоҳҷоиза 140 ҳазор сомонӣ муқаррар гардидааст.
З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”
