САФАРИ КОРИИ САРВАЗИР БА НОҲИЯҲОИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ ВА ДӮСТӢ

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
22


Дар асоси супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 22-юми ноябр Сарвазири кишвар Қоҳир Расулзода бо мақсади ифтитоҳи иншооти таъиноти гуногун ва сари вақт ҷамъоварӣ намудани ҳосили пахтаву коркард намудани он ба ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Дӯстии вилояти Хатлон сафар кард.
Сарвазири кишвар нахуст дар шаҳраки Хоҷамастони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ маркази хизматрасониро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод, ки аз 3 ошёна иборат буда, аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҷамолиддин Ҳасанов ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст.
Ҳамзамон, дар ин ноҳия бо иштироки Сарвазири кишвар бинои нави шуъбаи қабули беморон ва ёрии таъҷилии беморхонаи марказӣ ифтитоҳ гардид. Бинои мазкур соли 1954 бунёд гардида, бо вуҷуди куҳнаву фарсуда гаштан, то ҳол дар истифода буд. Бинои нав бошад, ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳоқимияти давлатии ноҳия ва саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша қомат афрохт, ки дорои 12 ҳуҷра барои қабули шаҳрвандон, табибони ҷарроҳ, амрози даруна, ҷароҳатбандӣ, эҳёгарӣ, кӯдакона, ташхиси ултрасадо ва утоқи сабти барқии дил мебошад.
Дар идома, Сарвазир дар деҳаи Сумбулаи ноҳия бинои дуошёнаи бунгоҳи тиббӣ ва коргоҳи дузандагиро ба истифода дод. Ин бино аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ бунёд гардидааст.
Дар идомаи сафари корӣ Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон аз фаъолияти ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Силу» дидан кард. Ин корхонаи бузурги саноатӣ аз лиҳози иқтидори истеҳсолӣ ва сатҳи технологӣ дар Осиёи Марказӣ камназир буда, аз соли 2015 фаъолият мекунад. Корхона соли равон беш аз 20 ҳазор тонна пахтаро қабул ва то ин давра зиёда аз 16 ҳазор тоннаи онро коркард намуда, ба истеҳсолот равона кардааст.
Дар «Ҷунтай Хатлон Син Силу» 360 мутахассису коргарони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва 1200 нафар бо кори мавсимӣ ва маоши хуб таъминанд.
Ба Сарвазир иттилоъ доданд, ки корхона беш аз 4 ҳазор гектар заминро барои кишти пахта дар ихтиёр дошта, яке аз бузургтарин истеҳсолкунандаҳои ин ашёи хом дар минтақа ба ҳисоб меравад. Маҳсулоти корхона, асосан, ба содирот нигаронда шудааст.
Қоҳир Расулзода саҳми роҳбарияти ҶСП «Ҷунтай Хатлон Син Силу»-ро дар самти азхудкунӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида назаррас арзёбӣ намуда, барои боз ҳам бештар ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо пахтакорон, таъмини тухмиҳои хушсифату гирифтани ҳосили баланд дастуру тавсияҳои судманд дод.


Комрон САФАР, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227