БА "ҶУМҲУРИЯТ" ҶАВОБ ОМАД

27 ноябр 2025, Панҷшанбе
15


"ТАНДУРУСТӢ. ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ КӮЧАК МАСЪУЛИЯТИ БУЗУРГ МЕХОҲАД"
Роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” миннатдории худро баён менамояд. Ҳамзамон, вобаста ба мақолаи рӯзномаи "Ҷумҳурият" аз 28 октябри соли 2025, №209 (25324) "Тандурустӣ. Ҳалли масъалаҳои кӯчак масъулияти бузург мехоҳад" ҷиҳати норасоии табибон дар муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилояти Хатлон маълумот пешниҳод менамояд.


Ҳоло дар кишвар 36 коллеҷи тиббӣ фаъолият дорад, ки аз ин 16-то давлатӣ ва 20-тои дигар ғайридавлатӣ мебошанд. Дар ин муассисаҳои таълимӣ аз ноҳияи Лахш 165 донишҷӯ таҳсил менамояд. Ҳол он ки айни замон дар сохторҳои соҳаи тандурустии ноҳияи Лахш воҳиди кории холии корманди миёнаи тиб вуҷуд надорад. Ҳар як мутахассиси ҷавон, хусусан кормандони миёнаи тиб баъди хатми коллеҷ ба муҳлати на кам аз 3 моҳ аввал дар муассисаи тиббию профилактикии таъингардида коромӯзии пеш аз оғози кор (стажировка) мегузарад. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти муассисаи тиббию профилактикии дахлдор ҷиҳати дар оянда соҳибкасб шудани онҳо бояд чораҳои зарурӣ андешад.
Тибқи маълумоти оморӣ, айни ҳол норасоии табибон дар ноҳияи Лахш 3,5 воҳиди кориро ташкил медиҳад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ҷумҳурӣ бошад, аз ноҳияи Лахш 61 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифтааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 13 нафар (бо Квотаи президентӣ 15 нафар), Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 4 нафар (бо Квотаи президентӣ 1 нафар), факултетҳои тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 8 нафар ва Донишкадаи тиббӣ иҷтимоии Тоҷикистон 16 нафар ба таҳсил фаро гирифта шудааст.
Дар соли хатми 2024-2025 аз ноҳияи Лахш Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино» - ро 8 нафар, аз ҷумла 3 нафар бо Квотаи президентӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро 1 нафар хатм намуда, барои гузаштани марҳалаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ равона гардида, онҳо баъди хатм барои кор ба маҳали зист сафарбар мешаванд.
Дар ноҳияи Ш. Шоҳин 55 воҳиди кории холии табибон мавҷуд мебошад. Ҳоло дар муассисаҳои таҳсилоти олии тиббии ҷумҳурӣ аз ноҳияи Ш. Шоҳин 165 донишҷӯ ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Аз ҷумла, дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино 77 нафар (28 нафар бо Квотаи президентӣ), Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон 22 нафар (6 нафар тибқи Квотаи президентӣ), факултетҳои тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон 54 нафар ва Донишкадаи тиббӣ - иҷтимоии Тоҷикистон 12 нафар таҳсил дорад.
Соли хатми 2024-2025 аз ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино»-ро 16 нафар, аз ҷумла 8 нафар бо Квотаи президентӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро 2 нафар хатм намуд. Онҳо барои гузаштани марҳалаҳои интернатура ва ординатураи клиникӣ ба муассисаҳои тиббию профилактикии ҷумҳурӣ равона гардида, баъди хатми он барои кор ба маҳали зист сафарбар мешаванд. Бовар аст, ки норасоии табибон дар кӯтоҳтарин муҳлат зина ба зина бартараф мегардад.


Ҷамолиддин АБДУЛЛОЗОДА,
вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии
аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи нашр: 26.11.2025 №: 227