ИШТИРОКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НИШАСТИ НАВБАТИИ ШУРОИ АМНИЯТИ ДАСТҶАМЪИИ СААД
27-уми ноябр дар шаҳри Бишкек Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти навбатии Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок ва суханронӣ намуданд.
Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нахуст, ба Роҳбари кишвари мизбон барои муҳайёсозии шароити хуби ҳамоиш арзи сипос карда, ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ дар доираи СААД-ро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор доданд.
Зикр гардид, ки СААД дар низоми амнияти минтақавӣ нақши муҳим бозида, кафили амну субот ва тақвияти имкониятҳои мудофиавии кишварҳои минтақа мебошад.
“Тоҷикистон, ки дар сафи пеши самти ҷанубии мудофиаи дастҷамъӣ қарор дорад, ба талошҳо барои тақвияти субот ва таъмини амният дар минтақаи масъулияти Созмон дар Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи доимӣ дорад”, – таъкид сохтанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлати Тоҷикистон авзои байналмилалиро “мураккабу душвор пешгӯишаванда” арзёбӣ намуда, аз тадбирҳои муштараки рӯзномаи нишасти Шурои амнияти дастҷамъӣ, аз ҷумла санадҳои барои қабул пешниҳодшуда, пуштибонӣ карданд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки Тоҷикистон қабули нақшаи рушди ҳамкории ҳарбии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030-ро дастгирӣ менамояд.
Қабули қарор дар бораи тасдиқи Стратегияи зиддимухаддаротии давлатҳои аъзои СААД барои солҳои 2026-2030 низ аз ҷониби Сарвари давлати мо дастгирӣ ёфт. Зимнан, дарёфти роҳҳои ҳамкорӣ миёни СААД ва Маркази зиддимухаддаротии Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Душанбе таъсис меёбад, ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СААД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул гашта буд, бо арзи сипос ёдовар гардида, ҳамзамон, изҳори умед намуданд, ки татбиқи самарабахши он таъмин мешавад.
Президенти кишвари мо аҳамияти таъсиси Маркази аксуламалҳои башардӯстонаи СААД дар Тоҷикистонро таъкид сохта, изҳори бовар намуданд, ки ин масъала аз ҷониби кишварҳои аъзо дастгирӣ хоҳад ёфт.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масоили вобаста ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳони имрӯза чун терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карданд.
Дар ин робита, Сарвари давлати мо бо ёдоварӣ аз истифодаи фазои маҷозӣ, аз ҷумла зеҳни сунъӣ, аз ҷониби сохторҳои террористию ифротӣ, бар зарурати табодули маълумоти фаврӣ ва идораи ин хатарҳо бо технологияҳои нави рақамӣ таъкид намуданд.
Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар карданд, ки қарорҳои дар ин ҳамоиш қабулшаванда, ба таҳким ва рушди ҳамкории минбаъдаи кишварҳои аъзои Созмон мусоидат менамояд.
Дар ҷамъбасти ҳамоиш аз ҷониби сарварони давлатҳои аъзои СААД як қатор санадҳои нави муҳим ба имзо расиданд.
