ВАҲДАТ. ГУЗОРИШ АЗ ФЕСТИВАЛИ НАМОИШ ВА ФУРӮШИ ЧОРВОИ ЗОТӢ

01 декабр 2025, Душанбе
20


Чанде пеш дар Ҷамоати шаҳраки Нуъмон Розиқи шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода ва дигар намояндагони соҳа Фестивали намоиш ва фурӯши чорвои зотӣ ва муаррифии дастовардҳои соҳаи чорводорӣ баргузор гардид.
Дар Фестивал намудҳои гуногуни чорвои хурду калон аз филиали Муассисаи ҷумҳуриявии зотпарварӣ, хушзоткунӣ, бордоркунии сунъӣ ва харидуфурӯши чорвои зотӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Маркази биотехнологияи чорвои Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Зотпарвар»-и Агентии таъминоти амволи махсуси назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии минтақавии ноҳияи Шаҳринав оид ба парвариши зоти гӯсфанди ҳисорӣ, ҷамъиятҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои тиҷоративу истеҳсолӣ аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ба намоиш гузошта шуданд.
Сулаймон Зиёзода зимни суҳбат бо хоҷагидорон ва масъулон чорводориро яке аз бахшҳои муҳим ва афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки чорводорӣ солҳои охир бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушд ёфта, саршумор ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа афзун мегардад. Таъкид шуд, ки чорводорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ мавқеи назаррас дорад. Айни замон дар ҷумҳурӣ 80 хоҷагии зотпарварӣ фаъолият дорад, ки дар он зотҳои гуногуни чорвои шохдори калону майда ва аспу паранда, занбӯри асалу моҳӣ ва харгӯш парвариш мешаванд.
Дар фарҷом як зумра фаъолон ва кормандони соҳа бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.


З. РАҶАБ, “Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 28.11.2025 №: 228