САВОБИ БУЗУРГТАР АЗ ҲАҶ Ё ВАҚТЕ МАРД ДАСТИ САХО ДОРАД...

02 декабр 2025, Сешанбе
20

Сулҳу ваҳдат ва истиқлоли кишвар имкон додааст, то мардум дар дурдасттарин минтақаҳо барои роҳати фарзандон шароит муҳайё созанд. Соҳибкорони бонангу номус дар такя ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш менамоянд, дар ободии диёр саҳми арзанда гузоранд.

Дар ҳамин радиф, яке аз чунин шахсиятҳо дар ноҳияи Данғара соҳибкори муваффақ, ҷавонмарди сахопеша ва ғамхору меҳрубон, марди дарёдил ва соҳибэҳтиром Хушқадам Иброҳимов мебошад. Ӯро мешиносанду хизматҳояшро арҷ мегузоранд ва аз саховатмандиҳояш ҳарф мегӯянд. Ин марди сахӣ дасти мадад дароз намуданро ба дармондагон қарзи инсонии худ ҳисобида, чанде пеш бо тасмими оилаи худ кори хайре ба сомон расонд, ки қобили сутуданӣ ва пайравист. Соҳибкори саховатманд дар деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Себистони ноҳияи Данғара ба ҷойи сафари ҳаҷ як пули нави одамгузарро бо дарозии 80 метр сохта, ба истифода супурд. Он на танҳо ба аҳолии деҳаи Навобод, балки ба мардуми деҳаҳои ҳамсоя ҳам хизмат мерасонад.

Сиҷоуддин Саломзода, раиси ноҳияи Данғара, зимни ифтитоҳи пул иқдомҳои бунёдкоронаи соҳибкор Хушқадам Иброҳимовро намунаи ибрат хонда, таъкид кард, ки пули одамгузар дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, рамзи ваҳдат, меҳрубонӣ ва ҳамгироии мардум шуда, мушкили чандсоларо аз байн бурд. Хушбахтона, сафи чунин шахсони хайрхоҳ ва ватандӯст, ки орзуву умедҳои ҷомеаро амалӣ месозанд, зиёд буда, на танҳо намунаи ибрат ва таҳсини мардуми ноҳия, балки тамоми ҷумҳурӣ аст.

Муовини раиси ноҳия Зуҳро Ҳакимзода зимни суҳбат иброз дошт, ки марди сахӣ Хушқадам Иброҳимов иқдоми нек гирифт ва 58 000 сомонии барои адои ҳаҷ пасандознамудаашро барои ободии деҳа, сохтмони пули одамгузар сарф намуд. Солҳои зиёд аҳолии деҳаи Навобод барои расидан ба муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои тиббӣ маҷбур буданд, ки масофаи зиёди роҳро тай намоянд. Чунин амали хайр на танҳо кори сокинонро осон, балки бехатарии ҳаракати нақлиёт, дастрасӣ ба муассисаҳои таълимиву марказҳои тиббӣ ва хизматрасониро бамаротиб беҳтар кард. Ин гуна иқдомҳо барои рушди маҳаллаҳои дурдаст аҳамияти калон доранд, зеро бо бунёди як пул метавон зиндагии сокинони як деҳаро куллан тағйир дод. 
Тавре худи Хушқадам Иброҳимов иброз дошт: “Чанд соли охир бо нияти сафари ҳаҷи фарзӣ маблағ пасандоз мекардам. Баъд аз шунидани суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар (9-уми марти соли 2024) иқдом гирифтам, ки агар бо маблағи ҷамъкардаам мушкили садҳо нафарро ҳал намоям, савобаш аз адои ҳаҷ кам намешавад. Ҳар сухани Сарвари давлат аз рӯйи талаботи шариати ислом буда, хизмат ба Ватан ва дар ободии он саҳмгузор будан гӯшае аз имон аст. Бешубҳа, дасти мадад расондан, дили касеро шод кардан ва дар ободии диёри хеш саҳм гузоштан, аз фазилатҳои неки инсониву мусалмонӣ буда, баробар ба ҳаҷҷи акбар аст. Парвардигор ҳам, расули Худо ҳам, чунин корҳоро аз савобҳои бузург донистаанд”.
Аз азми соҳибкор Хушқадам шодии пиру ҷавони деҳаро ҳадду канор набуд. Яке аз пирони деҳа дар суҳбат гуфт: “Мо – сокинон, ин амали некро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунем. Ин пул танҳо роҳи моро васл накард, балки дили мардумро ба ҳам пайваста, орзуи деринаамон амалӣ шуд”.


Кароматулло АТО,
“Ҷумҳурият”

Санаи нашр: 02.12.2025 №: 230